президент
Машварати корӣ дар ҳузури Сардори давлат
17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маскаву Екатеринбурги Русия, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, ҷамъоварии маблағи истифодаи барқу газ, гузаштан ба лампаҳои каммасраф, ҷамъоварии беталафи ҳосили ғалла ва меваю сабзавот баррасӣ шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои татбиқи амалии натиҷаҳои сафари ӯ ба Русия ва мулоқотҳои анҷомдодааш, хусусан вохӯрӣ бо тоҷикону тоҷикистониёни муқими Русия, нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шавад.
Оид ба соҳаи кишоварзӣ супориш дода шуд, ки ба деҳқонон барои ҷамъоварии беталафи ҳосили фаровони ғалладона кӯмак расонда, барои пешгирӣ аз сӯхтори ғаллазор чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки оид ба иҷрои буҷети давлатӣ ва таъмини саривақтии маошу нафақа чораҳои муассир андешанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3915