logo

порлумон

НЕРУГОҲИ «ШӮРОБ» БОЗ ЯК ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шартномаи консессияи Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Hos Powertesh International SDN BND» баррасӣ гардид.

Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, зимни ташреҳи ин санад иброз дошт, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, аз тарафи кумита ба имзо расидааст. Мақсад аз бастани шартнома ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи энергетика ва ба истифода додани иқтидорҳои нави энергетикӣ мебошад.
Дар шартнома мафҳумҳои шартҳои пешниҳоди консессия, ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафайн, қонунгузорӣ, шартҳои татбиқ ва маблағгузории лоиҳа ва дигар паҳлуҳои муҳими он ба таври мушаххас дарҷ гардидааст. Шартномаи консессионии пешниҳодшуда муносибати байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати мазкурро дар доираи татбиқи лоиҳа, ки азнавсозӣ ва ба истифода додани иқтидорҳои истеҳсолии «Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи ангишт»,  лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» ва дигар ифрасохтори зарурӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ, пешбинӣ шудааст, ба танзим медарорад.
Ба гуфтаи Қодири Қосим, тибқи ҳуҷҷати мазкур сохтмони Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» бо иқтидори истеҳсолии 300 мегаватт неруи барқ бо ҷалби беш аз 400 миллион доллар сармояи мустақим пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми ниҳоии сармоягузорӣ баъд аз асосноккунии техникии иқтисодии лоиҳа муайян мегардад, ки он бояд дар давоми як сол баъд аз мавриди амал қарор додани шартнома анҷом ёбад. Дар назар аст, ки бо ба кор андохтани иқтидорҳои нави ҷамъияти ангишт ва ба фаъолият шурӯъ намудани Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» то ҳазор ҷои нави корӣ таъсис дода мешавад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2016    №: 75    Мутолиа карданд: 11155
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед