барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА СИНДЗЁ АБЭ
18 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзё Абэ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадид-ро дар кишвари Шумо, ки боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани теъдоди бисёри одамон шуда, харобиҳои зиёдеро ба бор овардаанд, бо андуҳи бузург дарёфтам.
Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Япония сангин ҳамдардии амиқи ин ҷонибро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷиабор ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.04.2016 №: 76 Мутолиа карданд: 11024