logo

номаҳо

ҲАННОТОН

Дружинаҳои халқӣ дар пешгирии амали онҳо нақш гузошта метавонанд

Шумораи бозорҳо дар кишвар ба маротиб афзудааст. Вале агар кас дар бозор рафтору кирдори тоҷирони  навбаромадро мушоҳида кунад, ҳайрон мемонад. Кори онҳо асосан ҳаннотист. Маҳз ҳаннотон, низоми тартиботи бозорро вайрон мекунанд, хариду фурӯшро зери назорат гирифта, имкон намедиҳанд, ки марди деҳқон дастранҷашро ба бозор дарорад. Вақте ки деҳқон бозор меояд, ҳаннотон ӯро дар роҳ иҳота карда, борашро ба бозор даровардан намемонанд, маҳсулоташро нисбат ба нархи бозор чанд маротиба арзон мехаранд ва худ вориди бозор месозанд, ки ин боиси коҳиш наёфтани нархи маҳсулот шудааст. Ҳолатҳое низ ҳастанд, ки баъзе аз тоҷирони беинсоф ба арзон харидани дастранҷи марди деҳқон қонеъ нагардида, мекӯшанд аз тарозу ҳам ҳақ бизананд.
Ман дар техникуми омори шаҳри Ваҳдат қариб 50 сол ҳамчун омӯзгор фаъолият доштам. Он солҳо дружиначиёни халқӣ кор мекарданд, ки сардорашон будам. Аз ҳисоби ашхоси гуногун 8 нафар аъзои дружина баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар риояи тартиботи ҷамъиятӣ саҳм мегузоштем, бо авбошону ҳаннотон муборизаи беамон мебурдем. Мутаассифона, ҳоло чунин созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон шоистаи таҳсин аст, вуҷуд надоранд.
Дар бозорҳои шаҳр давр зада табъам хира мегардад. Вазъи санитарӣ ҷавобгӯи талабот нест. Тоҷирон бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла сертификати сифат ва мол дар ҷойҳои ифлос машғули коранд. Ҳамаи инро дида хоҳони онам, ки дружиначиёни халқӣ аз нав эҳё гарданд ва пеши роҳи чунин нобасомониҳоро гиранд.

Ҷумҳур Ҷаъфарзодаи Самарқандӣ,
собиқадори меҳнат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2016    №: 84    Мутолиа карданд: 10208
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед