ҳукумат
ИТТИЛОИЯ
29 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар он нахуст лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунандаи мамлакат маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Аъзои Ҳукумат, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонроҳсоз», Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара», Муассисаи давлатии «Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ» ва табдили номи як зумра корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва масъалаҳои дигари вобаста ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншооти маъмурию манзилӣ ва коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар маҷлис Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Булғористон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо қабул шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми ҷаласа аъзои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро барои иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии масъалаҳои дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишуда вазифадор намуда, ба онҳо доир ба дигар самтҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ дар давоми соли равон, аз ҷумла таъмини пешрафти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди картошкапарварӣ, вусъатбахшии кишти такрорӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти меваю сабзавот ба хориҷи кишвар супоришҳои мушаххас дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.04.2016 №: 84 Мутолиа карданд: 14412