туризм
БОМИ ҶАҲОН ВА МАВСИМИ ТУРИЗМ
Манзараҳои дилфиребу нотакрори Боми Ҷаҳон диққати сайёҳони хориҷиро беш аз пеш ҷалб месозанд. Ба гуфтаи Умед Носирзода, муовини якуми раиси ноҳияи Дарвоз, дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо нафар ҷаҳонгардон аз Бадахшон дидан мекунанд. Аз ин хотир, дар ноҳияи Дарвоз низ ба мавсими сайёҳӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд. Дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб – Дарвоз - Хоруғ – Мурғоб – Қулма даҳҳо муассисаи хизматрасонӣ, аз қабили ошхонаю чойхона, бӯстонсарою нуқтаҳои таъмирӣ сохта шудаанд. Аз мавзеи Яхчисор то Зиғару Хостав, Ҷофру Курговад зиёда аз 25 нуқтаи хизматрасонӣ бунёд ёфтааст.
Соли 2015 дар маркази ноҳия бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи шашошёнаи “Карон” мавриди истифода қарор дода шуд.
Тарабхона ва ошхонаю чойхонаи лаби дарёи Оби Хумбови шаҳраки Қалъаи Хумб, фароғатгоҳҳои Паткунобу Сохинг ва Хирсдараву Ҷавзодара беҳтарин маконҳои дамгирӣ ва ғизохӯрии сайёҳон мебошанд.
Имсол ҷашни таърихии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ баргузор мегардад. Дарвоз, ки дар қисмати ғарбии Бадахшон ҷойгир аст, бештари меҳмонони ҷашни фархундаро нахуст истиқбол мегирад. Ба ин муносибат баробари бунёди иншооти ҷашнӣ тамоми биноҳои канори шоҳроҳ хушсифат таъмир карда мешаванд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.05.2016 №: 86 Мутолиа карданд: 12039