logo

ҳукумат

Машварати корӣ дар ҳузури Президент

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати мамлакат, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат, роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни сафари кории ӯ ба ноҳияҳои водии Рашт баён гашта буданд ва санадҳое, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон  дар ҳамоишҳои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷомеаи иқтисодии АврОсиё ва дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, баррасӣ шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои пурраю саривақтӣ ва босифати онҳо ба масъулон супоришҳои қатъӣ дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масоили кишти тирамоҳии ғалладона ва сабзавоту картошкаи барвақтӣ,  ба кор даровардани гармхонаҳои сабзавотпарварӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад, аз ҷумла баҳри захира намудани маводи сӯхт ва озуқаворӣ таваҷҷӯҳ намуда, дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.
Супоришҳои қатъӣ оид ба тезондани сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, ба кор даровардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, бо газу барқ таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ ва расондани об ба хоҷагиҳои кишоварзӣ баҳри гузарондани кишти тирамоҳӣ ва ҳамчунин доир ба ҷамъоварии маблағи истифодаи газ, барқ ва об дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6809
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед