номаҳо
ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ АНДЕШИДА ШАВАНД
Киромиддин Хоҷиев омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 46 – и деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ мебошад. Чандин сол боз ба ҷамъоварии ёдгориҳои таърихии кишвар мароқи зиёд зоҳир кардааст. Баъзе аз онҳоро аз сокинони ин деҳа ва атрофи он харидорӣ намудааст. Дар бисёр чорабиниҳо ӯ ёдгориҳои ҷамъовардаашро ба маърази тамошо мегузорад. Аз ҷумла, дар тантанаҳои наврӯзии имсола як гӯшаи махсусро зарфҳои қадимааш оро доданд. Он аз ҷониби бинандагон ва масъулон баҳои баланд гирифт.
Бадии кор дар он аст, ки омӯзгор барои нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ҳуҷра ва ҷойи махсус надорад. Дар хонаи истиқоматӣ нигаҳдории он ба мақсад мувофиқ нест. Инчунин зарур аст, ки онҳо доимо дар маърази тамошогарон қарор гиранд. Албатта, нигораҳо дар боло бурдани сатҳи дониши хонандагон ва тарбияи ифтихори ватандорияшон мусоидат мекунанд.
Бо нашри ин нома дар гӯшаи дӯстдоштаамон «Шаҳрванд» бовар дорем, ки масъулони ноҳия дар ҳалли масъалаи мазкур саҳми заруриро мегиранд. Охир ин ёдгориҳо дар навбати худ моли миллат маҳсуб меёбанд ва барои нигаҳдорияш бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Х. ҶУМЪА,
деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.05.2016 №: 91 Мутолиа карданд: 11062