logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТҲО ДАР САТҲИ ОЛӢ

11 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки барои иштирок дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хати баландшиддати барқи CASA - 1000 бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот кард.
Зимни дидор аз раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амният, фарҳанг ва илму маориф, ки ояндаи онҳо самарабахш арзёбӣ гардид, изҳори қаноат намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории гуногунҷабҳаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Покистон дар 50 санади байниҳукуматию байниидоравӣ таҷассум ёфта, асоси рушди муносибатҳои байнидавлатиро дар ҳама соҳаҳо таъмин менамоянд.
Боварӣ изҳор гашт, ки талошҳои ҳар ду кишвар барои расидан ба мақсадҳои манфиатбор дар роҳи татбиқи лоиҳаи CASA - 1000 самараи нек ба бор оварда, дар рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши муассир мегузорад.
Дар мулоқот барқарор гардидани робитаҳои мустақими ҳавоӣ дар хатсайри Душанбе - Лоҳур муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардида, барои таъмини бозорҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон бо меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмеваҳо аз Тоҷикистон изҳори омодагӣ карда шуд.
Ҷонибҳо доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ, таҳкими робитаҳои нақлиётию транзитӣ, расидан ба натиҷаҳои баланди ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои дигари афзалиятноки энергетикӣ ва роҳу нақлиётӣ, иштирок дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва рушди муносибатҳои манфиатбор дар соҳаҳои кишоварзию тандурустӣ табодули афкор намуданд.

Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбековро, ки ҳайати Ҳукумати кишварашро дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хати баландшиддати барқи CASA - 1000 роҳбарӣ менамояд, ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба рушди босуботи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки асоси онро робитаҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстию ҳамҷавории бардавом ташкил медиҳанд, ҳавасманд буда, барои ба сатҳи сифатан нав расондани ин ҳамкорӣ аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.
Таъкид шуд, ки оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хати баландшиддати барқи CASA - 1000 дар муносибатҳои минтақавии байнидавлатӣ, бахусус дар раванди рушди ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Қирғизистон нақши созанда гузошта, барои таҳкими муносибатҳои дӯстона дар дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ заминаҳои созгор фароҳам меоварад.
Ҷонибҳо доир ба роҳҳои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои тиҷорату савдои байнидавлатӣ, истифодаи пурраи имконоти нақлиётиву транзитии ҳар ду давлат ва иштироки фаъол дар раванди таъмини амнияту бехатарии минтақавӣ, доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ, нақши фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои дигари дорои аҳамияти махсус изҳори назар карданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2016    №: 91    Мутолиа карданд: 6455
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед