мулоқотҳо
ПАЗИРОИИ АННЕТ ДИКСОН ДАР ҚАСРИ МИЛЛАТ
13 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ хонум Аннет Диксонро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ гардид.
Дар мулоқот аз ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар давоми 23 соли охир, хусусан аз ҷониби гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани соҳаҳои гуногуни рушди Тоҷикистон, аз ҷумла, энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоиёт ва дастгирии буҷети давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гашт, ки дар тӯли солҳои шарикӣ бонк ба Тоҷикистон зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва ёрии техникӣ пешниҳод намуда, ҳоло лоиҳаҳои фаъоли он ба маблағи зиёда аз 350 миллион доллар дар бахшҳои кишоварзӣ, нақлиёт, идораи давлатӣ ва сиёсати иқтисодӣ, обтаъминкунӣ, бахши хусусӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳолати иҷроиш қарор доранд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид бар он дошт, ки ҳар як лоиҳаи якҷоя бо бонк татбиқшаванда боз як пешрафти дигар дар рушди бемайлони кишвар ва беҳтар гардондани сатҳи зиндагии мардум буда, дар шароити таъсири ногувори омилҳои берунӣ, аз ҷумла таъсири буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб мераванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.05.2016 №: 92 Мутолиа карданд: 6530