мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛЛО АБДУЛЛО
12 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдуллоро, ки ҳайати ҳукумати кишварашро дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хати баландшиддати барқи CASA - 1000 роҳбарӣ кард, ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Абдулло Абдулло барои иштироки фаъоли ҷониби Афғонистон дар расми мавриди татбиқ қарор додани тарҳи CASA - 1000 изҳори сипосу миннатдорӣ карда, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои саҳмгузории муштарак дар дигар тарҳу лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва транзитӣ таъкид намуд.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба раванди таҳкими сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва вазъияти марзи байнидавлатӣ табодули афкор карда, зарурати таҳкими ҳамкории сохторҳои марбутаи ду кишварро дар ин самт махсус зикр карданд.
Бо қаноатмандӣ изҳор шуд, ки миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ вобаста ба вазъи минтақа ва таҳаввулоти байналмилалӣ, масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа, мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамкории сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар оянда низ ҳар ду кишвар дар ин самт мавқеи ягонаи худро нигоҳ хоҳанд дошт.
Зимни мулоқот масоили марбут ба ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла, бозомӯзӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун барои ҷониби Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.05.2016 №: 92 Мутолиа карданд: 7328