энергетика
Нерӯи барқ аз ҷануб ба шимол меояд
Субҳи 24 июни соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ташриф оварда, дар мавзеи Сексари Ҷамоати деҳоти Яхтан бо рафти сохтмони зеристгоҳи калони хати 500- киловолтаи интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» аз наздик шинос шуд.
Дар ҳамин ҷо Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба сохтмони 3 хати нави 220- киловолтаи пайвасткунандаи хати 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» бо шабакаҳои барқии вилоятӣ оғози расмӣ бахшид.
Ин хат ба масофаи 32 километр бо харҷи беш аз 270 миллион сомонӣ то охири соли равон сохта ба истифода дода мешавад. Сохтмони он дар асоси Созишномаи иловагии миёни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ва Ширкати “ТВЕА”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат мегирад.
Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмони хати 500- киловолтаи «Ҷануб-Шимол» зикр гардид, ки он аз ҷониби ширкати чинии ТВЕА дар масофаи 325 километр сохта мешавад. Ин хат системаи энергетикии ҷануби кишварро бо вилояти Суғд ва дар оянда бо минтақаҳои Чимкенти Қазоқистон ва Даткаи Қирғизистон пайваст хоҳад кард. Арзиши лоиҳа 281,3 миллион доллари ИМА аст.
Ҳамин гуна хати 500- киловолта айни ҳол аз зеристгоҳи барқии «Душанбе-500» то зеристгоҳи амалкунандаи «Регар-500» бунёд меёбад, ки дарозии он 57 км аст.
Иқтидори нерӯгузаронии хати 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» 27 миллион кВт/соат дар як шабонарӯз аст, ки қариб ду баробари эҳтиёҷоти вилояти Суғд ба нерӯи барқ аст, зеро талаботи имрӯзаи шабонарӯзии вилоят ҳамагӣ 14 миллион кВт/соат аст. Қобилияти нерӯгузаронии солонаи он ба зиёда аз 8 миллиард кВт/соат баробар аст.
Аз рӯи созишномаи қаблӣ сохтмони хат дар муддати 45 моҳ бояд то моҳи апрели соли 2010 анҷом меёфт, вале баъдтар тасмим гирифта шуд, ки бунёди он то охири соли 2009 ба поён расад. Миқдори умумии такясутунҳои ХИБ-500 «Ҷануб-Шимол» ҳамагӣ 581- то буда, аз ин миқдор 348- тоаш то ағбаи Анзоб ва аз зеристгоҳи «Хуҷанд-500» то ағбаи Шаҳристон то ҳол 208 такясутун насб шудааст.
Сохтмончиён Сардори давлатро бовар кунонданд, ки сохтмони ин хати пурманфиат дар мӯҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом меёбад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4942