сафарҳо
Боздиди Сардори
давлат аз Спитамен
25 июни соли 2009 Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен рафта, нахуст дар маросими ифтитоҳи Маркази хизматрасонии «Суғдагросерв» иштирок намуд.
Маркази савдо ва хизматрасонии кишоварзию техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суғдагросерв» дар ҳамкорӣ бо хоҷагии деҳқонии «Шарқ»-и ноҳияи Спитамен ва бо дастгирии молиявию машваратии як қатор созмонҳои байналмилалӣ таъсис ёфта, асосан ба таъмини тухмии қариб ҳама намуди зироат, нуриҳои минералӣ, маводи дигари кимиёвӣ, заҳрдоруҳо, иҷора додани техникаи кишоварзӣ ва фурӯши қисмҳои эҳтиётии он ва ҳамчунин ба ташкил ва гузарондани машғулиятҳои таълимӣ оид ба ҷорӣ намудани тарзу усулҳои муосир ва фоидаовари фаъолияти кишоварзӣ машғул аст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тухмии навъҳои серҳосил ва хушлаззати харбузаро низ санҷида ба деҳқонон пешниҳод намоянд, зеро талабот ба он дар бозори дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст.
Ба гуфти роҳбари он Абдусаттор Ҳайдаров, афзалияти асосии кори марказ дар он аст, ки деҳқонон ва дигар эҳтиёҷмандон тамоми маводи зарурии кишоварзиро метавонанд бе сарсонии зиёд аз як ҷо дастрас намоянд.
Чунонки аз сӯҳбатҳо маълум шуд, ин нахустин ва айни ҳол ягона чунин маркази хизматрасонӣ дар Тоҷикистон аст.
Дар ин ҷо шумораи зиёди техника ва мошинолоти кишоварзӣ барои хизматрасонӣ омодаи кор аст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тарзи кори марказ хушҳол шуда, ба масъулони соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки ин таҷрибаи ибратбахш дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ҷорӣ карда шавад.
Марказ 1 гектар замини таҷрибавӣ дорад, ки дар он тухмии хушсифати навъҳои серҳосили сабзавот ва дигар зироатҳоро кишт ва санҷиш мекунад. Он ҳамчунин дар 1 гектар гармхонаи муқаррарӣ ва 1 гектари дигар гармхонаи таҷрибавӣ дорад, ки дар фасли зимистон сабзавот мерӯёнад. Сохтмони марказ 14 июни соли 2008 оғоз ёфта, то имрӯз барои бунёди он 800 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шудааст. Айни ҳол дар маркази мазкур 15 нафар бо ҷойи кор таъмин буда, маоши онҳо ба ҳисоби миёна 600-650 сомониро ташкил медиҳад.
Дар маркази ноҳияи Спитамен бо иштироки Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонии маишии «Файз» мавриди истифода қарор дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хайрулло Убайдуллоев бунёд ёфтааст.
Чунонки маълум шуд, маркази хизматрасонии маишии «Файз» бинои дуошёна буда, дар он зиёда аз 50 нафар бонуи хонашин бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашт. Кори асосии онҳо дар ин ҷо дӯзандагӣ аст. Сехи дӯзандагӣ бо дастгоҳу мошинолоти муосир муҷаҳҳаз гаштааст. Маблағи умумии дар сохтмон ва таҷҳизи марказ сарфшуда 960 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар бригадаи 6 – уми Ҷамъияти саҳомии Саидқӯрғони ноҳияи Спитамен Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти деҳқонию соҳибкории аъзои он аз наздик шинос шуда, аз фаровонии ҳосили ғалладона ва дигар зироатҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.
Роҳбарияти ноҳия иттилоъ доданд, ки аз ҳар гектар замини ғалла 45-50 - сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ карда истодаанд ва нисбат ба соли гузашта бояд 6 ҳазор тонна ғалла бештар истеҳсол шавад. Зикр гардид, ки дар 3,5 ҳазор гектар заминҳои обӣ ғалла кишт шуда буд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ҳамаи заминҳо кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.
Сипас Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ бо фаъолон ва намояндагони аҳли ҷамоаи ноҳия мулоқоти судманд анҷом дод ва онҳоро ба истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, рӯёндани ду ва ё зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ, таъмини фаровонӣ дар бозор, вусъати корҳои ободонӣ ва дигар фаъолияти манфиатбахш ҳидоят намуд.
Масъулони дахлдор вазифадор карда шуданд, ки баҳри бартараф намудани мушкилоти иҷтимоии мардуми ноҳия тадбирҳои муассир андешанд. Барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки сохтмон ва таҷҳизи корхонаи ресандагии комбинати “Спитамен-текстайлз” то моҳи ноябри соли равон ба анҷом расонида шавад. Чунонки роҳбари корхона соҳибкор Сангинмурод Ҳакимов ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, баъди ба кор даромадани корхона 160 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад. Ҳоло дар давраи сохмони корхонаи ресандагӣ 100 нафар кор мекунад.
ӯ ҳамчунин афзуд, ки кӯшиш мекунад ҳарчи зудтар корхонаҳои бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагии ин комбинат низ ба кор дароварда шуда, барои 300 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё гарданд. Корхона дар як сол метавонад аз 3 ҳазор тонна нахи пахта маҳсулоти тайёри ниҳоӣ истеҳсол намояд.
Дар охири мулоқот Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳия мужда расонд, ки барои ободонии шаҳраки Спитамен аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллион сомонӣ ҳамин сол ва 1 миллион сомонии дигар соли оянда ҷудо менамояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2936