қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 «Дар бораи боҷи давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод.51; с.2005, №12, мод.630; с.2006, №12, мод.541; с.2008, №6, мод.460, №12, қ.2, мод.1000; с.2009, №3, мод.88; с.2010, №1, мод.8, мод.10, №12, қ.1, мод.823; с.2012, №12, қ.1, мод.999; с.2013, №3, мод.190; с.2014, №7, қ.2, мод.408; с.2015, №11, мод.968, мод.969, мод.970) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
Дар моддаи 4:
- дар қисми 7:
- дар банди 12) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- бандҳои 13) - 30) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«13) барои бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
14) барои бақайдгирии давлатии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
15) барои бақайдгирии бюрои адвокатӣ – ба андозаи 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
16) барои азнавбақайдгирии бюрои адвокатӣ - ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
17) барои барҳамдиҳии бюрои адвокатӣ - ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
18) барои бақайдгирии коллегияи адвокатҳо - ба андозаи 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
19) барои азнавбақайдгирии коллегияи адвокатҳо - ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
20) барои барҳамдиҳии коллегияи адвокатҳо - ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
21) барои бақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ - ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
22) барои азнавбақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ - ба андозаи 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
23) барои барҳамдиҳии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ - ба андозаи 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
24) барои бақайдгирии кабинети адвокатӣ – ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
25) барои азнавбақайдгирии кабинети адвокатӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
26) барои барҳамдиҳии кабинети адвокатӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
27) барои ворид намудан ба Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ – ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
28) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи адвокатӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
29) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи ташкилотҳои адвокатӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
30) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.»;
- сархати якуми банди 4) қисми 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- барои бақайдгирии давлатии барориши коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ - 0,15% аз ҳаҷми барориши мазкур;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2016, №1317
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 6 апрели соли 2016, № 398
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 майи соли 2016, №231
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20-23.05.2016 №: 96,98 Мутолиа карданд: 1537