logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. 201) моддаҳои 111 ва 112  бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 111. Боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма
1. Ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои аз тарафи воситаҳои ахбори омма содир шудани амалҳое, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолифат мекунанд, мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба ин воситаҳои ахбори омма огоҳиномаи хаттӣ мефиристад ва муҳлати бартараф кардани онҳоро муқаррар менамояд.
2. Дар сурати аз ҷониби воситаҳои ахбори омма риоя нагардидани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё прокурорҳои тобеи ӯ ба воситаҳои ахбори омма дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо амри хаттӣ фиристода, муҳлати бартараф намудани онҳоро муқаррар менамояд.
3. Агар дар муҳлати муқарраршуда қонунвайронкуниҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ӯ ва ё мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма метавонанд ба суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма муроҷиат намоянд.
4. Тартиби боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро дар давраи вазъияти фавқулода қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 112. Қатъ гардидани фаъолияти воситаҳои ахбори омма
1. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо асосҳои зерин қатъ мегардад:
- бо қарори муассис;
- бо сабаби азнавташкилдиҳии (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) воситаҳои ахбори омма;
- бо ҳалномаи суд.
2. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма, сарфи назар аз мавҷудияти баҳисобгирии давлатӣ бо ҳалномаи суд қатъ карда мешавад. Воситаи ахбори оммаи фаъолияташ қатъкардашуда бо номи дигар сабт шуда наметавонад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
        
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2016, №1314


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 30 марти соли 2016, №387

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 майи соли 2016, №228


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20-23.05.2016    №: 96,98    Мутолиа карданд: 1688
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед