logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРТИБ ВА ШАРОИТИ ДАР ҲАБС НИГОҲ ДОШТАНИ ГУМОНБАРШУДА, АЙБДОРШАВАНДА ВА СУДШАВАНДА»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 433; с. 2013, №12, мод. 883; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 15 марти соли 2016, №1282) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1.Қисми 2 моддаи 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«2. Дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагоне, ки нисбати онҳо чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ карда шудааст, набояд зиёда аз се шабонарӯз нигоҳ дошта шаванд, ба истиснои ҳолатҳое ки дар қисми 1 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.».
2. Моддаи 91 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 91. Бақайдгирии ҷойгиркунӣ дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ
1.Ҳангоми дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандае, ки дастгир карда шудааст, шахси масъули изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ дар Китоби бақайдгирии шахсони дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ нигоҳдошташаванда бояд маълумотҳои зеринро қайд намояд:
- насаб, ном, номи падар ва маълумотҳои дигар оид ба шахсияти дастгиршуда;
- сана ва вақти ҷойгир кардани дастгиршуда дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ;
- насаб, ном, номи падар, вазифа ва рутбаи кормандон ва шахсони мансабдори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, ки дар анҷом додани амалиёти дастгиркунӣ иштирок кардаанд;
- асос барои ҷойгир кардан дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ (рақам ва санаи протоколи дастгиркунӣ, қарори (таъиноти, ҳукми) мақоми пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ бо нишон додани насаб, ном ва номи падар, вазифа ва рутбаи шахсе, ки ин ҳуҷчатҳоро тартиб додааст ё қабул намудааст);
- ҷинояте, ки шахс барои содир  кардани он гумонбар дониста ё айбдор карда шудааст ё ин ки маҳкум гардидааст;
- натиҷаи муоинаи тиббӣ;
- сана ва вақти аз дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳдории дастгиршуда хабардор намудани аъзои болиғи оила ё хешованди наздики ӯ;
- арзу дархостҳои шифоҳии дастгиршуда ва натиҷаи баррасии онҳо;
- насаб, ном ва номи падар, вазифа, рутба ва имзои шахси масъуле, ки дастгиршударо барои ҷойгир кардан дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ қабул намуда, маълумотҳои дар моддаи мазкур пешбинишударо ба расмият даровардааст;
- сана ва вақти ба изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ гузаронидан ё озод кардани дастгиршуда бо нишон додани асос барои озод кардан.
2. Шахси дастгиршуда ва ҳимоятгари ӯ ҳуқуқ доранд бо маълумотҳои сабтгардида дар хусуси бақайдгирии ҷойгиркунӣ шинос шаванд, оид ба ворид намудани тағйирот ё илова ба он дархост намоянд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2016, №1312


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Ш.  ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 30 марти соли 2016, №380  

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»-ро бар­расӣ  намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М.  УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 майи соли 2016, №226


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20-23.05.2016    №: 96,98    Мутолиа карданд: 1752
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед