қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Санксияи моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с.2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод.955; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015, №1262), дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2016, № 1308
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 9 марти соли 2016, № 375
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 майи соли 2016, № 223
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20-23.05.2016 №: 96,98 Мутолиа карданд: 1968