logo

туризм

МУЪМИНОБОД. САЙЁҲИИ КӮҲГАРДӢ НУФУЗИ ОНРО ДАҲЧАНД МЕАФЗОЯД

Муъминобод ноҳия кӯҳсор буда, дар қисми ғарбии қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ, ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ва шарқи вилояти Хатлон воқеъ аст. Нуқтаҳои баландтарину пасттаринаш  мутаносибан 2814  ва 1100 м мебошанд.

Қаторкӯҳҳои зебои Чилдухтарон, мавзеи афсонавию таърихии овозадор, маҳз дар ноҳияи Муъминобод ҷойгир аст. Ҳамчунин, дараҳои Маҳмуд, Мулло, Рисқидара, Лангар, Шуғноншаҳр, Хоҷаи Нур, Биби Навро, Биби Савро, Чӯбек, Кӯл, Сайёд, Чаргиҳо, Чаргикалон, Душанбе, Аъроб, Ларсой, Дошманд диққатрабою тамошобоб буда, барои сайёҳии кӯҳгардӣ мувофиқанд. 
Дар мавзеи Нағорахонаи Муъминобод дар масоҳати 300 гектар обанбори замонавӣ, ки он киштзорҳои пахтаи Кӯлобу Восеъ ва картошкаи Муъминободро шодоб менамояд, бунёд ёфтааст. Ғунҷоиши обанбор 30 миллион метри мукааб буда, манзараи зебову диданиеро мемонад. Дар соҳили обанбор истироҳатгоҳ сохта шудааст, ки дар фасли баҳору тобистон барои истироҳат ва заврақронӣ айни муддаост. Обанбор инчунин аз моҳӣ ва мурғобӣ бой аст. Дар ин ҷо сайёҳон пас аз боздиди ҷойҳои таърихиву маърифатӣ метавонанд фароғат кунанд.
Бояд гуфт, ки дарёчаҳои Яхсу, Лиҷак, Лангар дар мавсими баҳору тобистон сероб буда, дорои захираи фаровони тиллои сурх мебошанд. Дар домани қаторкӯҳҳои Чилдухтарон дашти Паҳндара доман густурдааст,  ки дар он ҷо солҳои 80-уми қарни ХХ яке аз қисмҳои филми бадеии «Рустам ва Сӯҳроб» (аз рӯи асари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома») ба навор гирифта шудааст. Мардум ҷойи набарди падару писарро санг чида, ба он «Қабри Сӯҳроб» ном ниҳодаанд. Ҳамасола ба зиёрати он садҳо сайёҳони дохилу хориҷ меоянд. Каме дуртар аз ин мавзеъҳо, дар деҳаи Ҷавзодара, дар масоҳати 7 гектар «Бозори Зелолак» ҷойгир аст, ки  ба асрҳои V–VI  тааллуқ дорад.
Ҳангоми аз маркази ноҳия ба тарафи деҳаи Кӯлчашма раҳсипор шудан, теппаҳои зебое ба назар мерасанд ва дар яке аз онҳо акси дил намудор мегардад. Онро мардум «Кӯҳи Дил» ном мебаранд. Муъминобод, инчунин, бо ёдгориҳои таърихии Қалъа (асрҳои III – IV ), Шоҳи Хомӯш, Ҷалолиддини Гулдаста, Хоҷаи Нуру Хоҷа Алмос (асрҳои IX – XIII) , ки миқдорашон аз сӣ мегузарад, чинорҳои азими аз 1000  то 2000-сола, обҳои шифобахши чашмаҳои Толеъ, Бедаво, Шифо, Ғӯзаҷоғ, Биби Навро ва Биби Савро, Яхак ва ғайраҳо, ки дар маҷмӯъ наздик ба 800-то мебошанд, шуҳрати хоса дорад.
Масоҳати ҷангалу буттазори ноҳия 23 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Олами ҳайвоноту набототаш низ бою рангин ва барои ташкили саёҳатҳои экологӣ ва шикорӣ мувофиқ мебошад. Аз 4500 рустании ҷаҳонӣ 860 номгӯйи он дар Муъминобод мерӯяд. Аз ҳамаи ин дороиҳо мебояд самарнок истифода бурд ва аз суди бадастомода мавзеъҳои сайёҳиву фароғатиро боз ҳам зеботару ободтар гардонд.
Ба гуфтаи Сафаралӣ Фозилов, мутахассиси бахши сайёҳии ноҳия, бо назардошти имконоти фарох, дар ноҳия метавон туризми кӯҳгардӣ, экологӣ, шикориро рушд бахшид. Вобаста ба ин, пешниҳод мешавад, ки дар ноҳия филиали яке аз ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ифтитоҳ гардад. Ин ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва ташкили саёҳатҳои маърифативу фарҳангӣ барои хонандагони мактабҳои миёна мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, роҳ аз маркази ноҳия то мавзеи Чилдухтарон, ки 28 км – ро ташкил медиҳад бояд навсозӣ шавад. Зеро Чилдухтарон мавзеест, ки таваҷҷуҳи сайёҳони зиёдро ба худ ҷалб кардааст.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2016    №: 99    Мутолиа карданд: 12755
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед