logo

мулоқотҳо

АБДУЛЛОҲ ИБНИ МУҲАММАД ИБНИ ИБРОҲИМ ОЛИ ШАЙХ: «ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ҲАМЧУН ШАХСИ ТАЪРИХӢ ДАРЁФТАМ»

25 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ниятҳои неки роҳбарияти сатҳи олии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳори умед намуд, ки ин қадршиносию таваҷҷуҳи бесобиқа дар оянда ба тавсеа ва рушди робитаи  муштаракоти безаволу таърихии ду давлати ба ҳам дӯст мусоидат хоҳанд кард.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ва созанда ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла тавофуқоти таъсиси Кумитаи муштараки дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, густариши ҳамкории баманфиат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маърифат ва фарҳанг, хусусан фаъолгардонии кори Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо бо таъкиди муҳимияти иқдомҳои башардӯстона аз дастгирию ёриҳои фаврии ҷониби Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва идомаи ин тадбирҳои хайрхоҳона аз ҷониби Маркази байналмилалии кумакҳои инсондӯстонаи Шоҳ Салмон ёдовар шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ба тавсеаи робитаҳои созандаи миёни кишварҳо, рушди босуботи ҳамкорӣ, аз натиҷаҳои самарабахши сафарҳо ба сарзамини муқаддаси Арабистони Саудӣ изҳори қаноат намуд.
Робитаҳои минбаъдаи байнипарлумонӣ дар рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба ба ҳайси як унсури таркибии маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳо басо муҳим арзёбӣ гардид.
Мавзӯи дигари суҳбат адои маносики ҳаҷ ва умра аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон буд ва Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зоирини тоҷик изҳори сипос намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва ҷиноятҳои ба дини поки ислом иснодоваранда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2016    №: 101    Мутолиа карданд: 8121
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед