порлумон
ҲАДАФ: АЗ ТАҚСИМИ ГРАНТҲОИ ХУРД ТО ИСТИФОДАИ ТАҶРИБАИ ПЕШҚАДАМ
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гашт, якчанд созишнома ва қонунҳои мукаммал ба тасвиб расиданд.
Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири молия, зимни баррасии Созишномаи грантии Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд иброз дошт, ки он 30 январи соли ҷорӣ ба маблағи ду миллион доллар ба имзо расид. Мақсади асосии лоиҳа пурзӯр намудани қудрати истеҳсолии субъектҳо тавассути идоракунии экологии захираҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои интихобшуда, ки бо тағйирёбии иқлим осебпазиранд, иборат мебошад. Лоиҳаи мазкур дар ноҳияҳои Сангвор, Вахш, Фархор, Кӯлоб, Балҷувон, Роғун, Ховалинг, Файзобод, Муъминобод ва Ёвон амалӣ мегардад. Вазифаи асосии лоиҳа дастгирӣ ва таъмини зиёда аз 126 ҳазор аҳолии минтақаҳои номбурда доир ба рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавассути ҷудо намудани грантҳои хурд, истифодаи таҷрибаҳои пешқадам, рушди инфрасохтори хоҷагиҳо ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои молиявии онҳо мебошад.
Татбиқи лоиҳа, ки маблағгузории он аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Фонди стратегии иқлим ба нақша гирифта шудааст, аз 3 октябри соли 2013 оғоз ёфта, то 3 майи соли 2018 идома хоҳад ёфт.
Назар ба гуфтаи Ибозода Хайрулло, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз ба ноҳияҳои зикршуда 18 техникаи кишоварзӣ дастрас шуда, қариб 40 ҳазор гектар замин ба ҳолати хуби мелиоративӣ баргардонда шуд.
Умарзода Икром, муовини вазири корҳои дохилӣ, зимни баррасии Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, иброз дошт, ки он барои рушди фаъолонаи ҳамкориҳои дутарафа дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан терроризм ва экстремизм равона гардидааст. Созишномаи мазкур 3 январи соли 2016 дар шаҳри Арриёз ба имзо расида, аз муқаддима ва 13 боб иборат аст. Дар он тартиби ҳамкории тарафҳо дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва дигар ҷиноятҳо, ки ҳамагӣ 17 самтро дар бар мегиранд, пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, ҳамкории тарафҳо дар самти табодули маълумот оид ба фаъолияти афрод ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша, кофтукови шахсони дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарордошта, ки нисбат ба онҳо ҳукми суд содир гардидааст, нишон дода шудааст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.05.2016 №: 103 Мутолиа карданд: 11351