номаҳо
РОҲИ БЕҲТАРИ ҲАЛ ВУҶУД НАДОРАД?
Ҳамасола барои таъмири роҳ, хусусан роҳи Душанбе – Хоруғ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар қиёс ба замонҳои пешин ин шоҳроҳ хеле обод ва мумфарш гардидааст. Аз ин рӯ, аст, ки агар пештар тайи ин роҳ ба воситаи нақлиёт дар як шабонарӯз даст медода бошад, ҳоло онро метавон дар 15 соат тай намуд.
Суоли матраҳ дар ин маврид он аст, ки чаро бо вуҷуди мумфарш гардидани роҳ, беҳтар шудани имконот нархи роҳкиро ҳеҷ поён намефарояд? Зимни суҳбат ронандагон иброз доштанд, ки «мо чун вориди таваққуфгоҳ (стоянка) мегардем, дар терминал барои он 280 сомонӣ месупорем. Илова бар ин, нархи як шабонарӯз таваққуф кардан дар ин ҷо 20 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, дар баъзе мавридҳо бо ду мусофир 640 км роҳро тай менамоем.
Кас боз аз он дар тааҷҷуб меафтад, ки чаро нархи роҳкиро дар тобистон 350 сомонӣ ва дар дигар фаслҳо 200-250 сомониро ташкил медиҳад. Ҳол он ки, ба андешаи ин ҷониб, бояд баръакс бошад. Чаро? Чунки дар фасли тобистон шумораи мусофирон меафзояд ва тай кардани роҳ барои ронандагон нисбат ба дигар фаслҳо, хоса зимистон осонтар мебошад. Аммо ронандагон бо истифода аз ин фурсати муносиб ва мақоли «бардорад, зам кун» нархро боло мебаранд. Албатта, ин ҳақиқатро медонем, ки бо зиёд гардидани нақлиёти мусофиркашонӣ ва рақобати озод нархи роҳкироро поён фаровардан мумкин аст. Аммо то расидан ба ин замон мушкилот ҳамчунон бояд боқӣ бимонад? Наход роҳи беҳтари ҳалли он вуҷуд надошта бошад?
Гулсара МАМАДНОСИРОВА,
Мӯниса ҶУМЪАҚУЛОВА, шаҳри Хоруғ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.06.2016 №: 104 Мутолиа карданд: 11201