барқияҳо
БАРҚИЯИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА САРВАЗИРИ ПОКИСТОН
30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқия ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Аз хабари бемории Шумо ва амали ҷарроҳии қалб, ки бояд анҷом диҳед, бисёр мутаассир шудам.
Аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо, бародари гиромӣ, шифои комил хоҳонам.
Умедворам, ки аз бистари беморӣ ба ҳаёти рӯзмарраи худ ҳарчӣ зудтар қадам ниҳода, фаъолияти сермасъули хешро баҳри рушду шукуфоии беш аз пеши кишвари дӯсти Покистон бо неруи тоза идома хоҳед дод”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.06.2016 №: 104 Мутолиа карданд: 11007