logo

номаҳо

ХИДМАТРАСОНИИ ТИББӢ БЕҲТАР ГАРДИД

Рустам Нидоев аз зумраи табибони ҳозиқест, ки дар ноҳия аз маҳбубияти хоса бархӯрдор аст. Ӯ бо муносибати неку меҳнати софдилона дар миёни мардум дар андак муддат маъруф ва соҳибобрӯ гардид.

Мавсуф соли 1992, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба ноҳия баргашт ва фаъолияташро дар беморхонаи марказӣ оғоз бахшид. Ӯро зимни кори пурсамараш дарёфтанд, ки на танҳо мутахассис ва донандаи хуби соҳа аст, балки ташаббускор низ мебошад. Аз ин рӯ, дар дармонгоҳи тозабунёди Ҷамоати деҳоти Нӯшор сардухтур таъйин карданд. Сарвари нав вазъи соҳаро дар ҷамоати деҳот бори дигар бо тамоми паҳлуҳояш омӯхт ва онро бо кормандон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дод. Робитаи мутахассисон бо аҳолӣ, хоса бо беморон пурқувват гардид. Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Кормандони соҳа вазифадор гардиданд, ки истифодаи дурусти дастгоҳҳои замонавӣ ва дигар таҷҳизоти муосирро биёмӯзанду аз худ кунанд.
Баъдҳо дар ин ҷо бинои иловагӣ сохта шуд, ҳуҷраҳои беморон ва миқдори катҳоро зиёд карданд. Таваллудхона низ бунёд гардид. Беморхона соҳиби мошини ёрии таъҷилӣ ва дастгоҳҳои замонавию таҷҳизоти муосир гашт. Ба ин ҷо беморон ва мардум барои табобату аз муоинаи тиббӣ гузаштан аз дигар деҳоти ҷамоатҳо низ меоянд.
Ҳамин тавр, сарвари беморхона саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, то бо фароҳам овардани имконҳо сатҳи хидматрасонии тиббиро боз ҳам беҳтар намояд.
Давлатхоҷаи МИЗРОБ, ноҳияи Тоҷикобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2016    №: 106    Мутолиа карданд: 11089
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед