порлумон
ДАСТГИРӢ ОМИЛИ РУШД ВА ПЕШРАФТ АСТ
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, ба се Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуд.
Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, зимни ташреҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» изҳор доштанд, ки он бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи гузоштани апостил ва барои нигоҳдошти фаъолияти апостилгузорӣ мебошад.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» баррасӣ ва қабул гардид.
Мувофиқи иловаи пешниҳодгардида дар давраи амали созишнома хусусӣ гардондани иншооти инфрасохторӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии давлатие, ки зери амали созишномаи марбутаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ қарор доранд, манъ карда мешавад.
Меҳринамо Ҷонмамадова, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» иброз дошт, ки мақсади асосии таҳияи лоиҳаи қонун дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар шароити идома ёфтани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ ва тақвият бахшидан ба иқтидори содиротӣ ва воридотивазкунии онҳо буда, татбиқи имтиёзҳои иловагиро барои воридоти гандум ва маҳсулоти коркарди он, дарахтҳо, гулу буттаҳо ва гулҳои ороишӣ, бекор кардани андоз аз фурӯши нахи пахта ва ба ивази он ҷорӣ намудани боҷи содиротӣ барои нахи пахта, истифодабарии меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 5 дарсад барои муассисаҳои таълимии хусусӣ, корхонаҳои сохтмонӣ ва хӯроки умумӣ, озод намудани таҳвилгарон ва пудратчиёни сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун аз пардохти роялти барои истихроҷ, бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратии канданиҳои фоиданоки маъмулӣ мебошад. Мутобиқи лоиҳа ҳисоб ва пардохти андоз аз фурӯши нахи пахта бекор шуда, бар ивази он боҷи содиротӣ барои нахи пахта ба андозаи 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротшаванда муқаррар карда шуд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.06.2016 №: 106 Мутолиа карданд: 11165