logo

фармонҳои президент

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаҳои хизматчиёни ҳарбӣ» фармон  медиҳам:

1. Аз 1 июли соли 2016:
- ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (ба ғайр аз муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон аз музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ зиёд мебошад), ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои илм, фарҳанг ва кормандони дигар муассисаю ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз ва муассисаю ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мувофиқан ба шумораи умумии хонандагон ба маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баробар карда шавад;
- музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи тахассус ва таҳсилот баробар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 230 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, хона - интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат ва дигар гурӯҳҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба андозаи 470 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 520 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши заминавӣ ҷиҳати ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант ба андозаи 520 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш ба андозаи 470 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шаванд;
- андозаи ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;
- нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд, ба андозаи 30 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда шаванд;
- андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд ва зиёда аз он таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд), барои маҳрум шудан аз саробон ва аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳи II аз овони кӯдакӣ), ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин гардидаанд, 60 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муқаррар карда шавад;
- қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ба андозаи 5 фоиз индексатсия карда шавад. 
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- дар амал татбиқ намудани Фармони мазкурро дар соли 2016 аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод ва иҷроиши барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;
- дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро бо Фармони мазкур мутобиқ намоянд;
- ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд (ба ғайр аз нафақа), мувофиқи Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, № 313 тасдиқ шудаанд, амалӣ намоянд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 6 июни соли 2016, № 697

 

ТАВЗЕҲОТ
Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати  зиндагии аҳолиро дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудаанд.
Дар моҳи январи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мавриди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз 1 июли соли 2016 зиёд карда шавад.
Тибқи Фармони мазкур аз 1 июли соли 2016 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст. Яъне, дар ҳамаи муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон аз 1 июли соли ҷорӣ музди меҳнати моҳонаи кормандон набояд аз 400 сомонӣ кам бошад.
Инчунин, тибқи Фармони мазкур маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, аз ҷумла муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз синфи 1 то 11, литсейҳо, гимназияҳо, ҳамаи мактаб - интернатҳо, мураббиёни муассисаҳои  томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона ба андозаи  20 фоиз зиёд карда мешаванд.  Яъне имрӯз, агар маоши вазифавии муаллими тахассуси дараҷаи олӣ ба ҳисоби миёна 649 сомониро ташкил намояд,  аз 1 июли соли ҷорӣ он ба 779 сомонӣ баробар мегардад.
Дар баробари ин, ба муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки сарбории роҳбарии синфӣ ва мудири кабинетро ба уҳда доранд ва инчунин тафтиши дафтарро мегузаронанд, ба маоши вазифавии онҳо мутаносибан ба андозаи 10, 15 ва 20 фоиз иловапулиҳо пардохт карда мешавад, ки маоши муаллими тахассуси дараҷаи олии маълумоти олии касбӣ дошта, бо дарназардошти иловапулиҳо аз 1 июли соли ҷорӣ 1183 сомониро ташкил медиҳад.
Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф - муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, коллеҷҳо, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад. Дар баробари ин ба кормандони унвони илмӣ доштаи ин муассисаҳо иловапулӣ ба андозаи 30 фоиз пардохт карда мешавад.
Маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мувофиқан ба шумораи умумии хонандагон ба маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи тахассус ва таҳсилот баробар карда мешавад.
Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯи Дастурамал оид ба пардохти музди меҳнат амалӣ мегардад, ки андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи мазкур ба 230 сомонӣ баробар карда шудааст. Ҳоло ин нишондиҳанда 190 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин робита, маоши вазифавии сартабибон ба ҳисоби миёна дар беморхонаҳо ба 1310 сомонӣ ва дар  дармонгоҳҳо 1598 сомонӣ ва маоши вазифавии табиби категорияи олӣ дар беморхонаҳо 810 сомонӣ ва дар дармонгоҳҳо ба 998 сомонӣ баробар мегардад.
Маоши кормандони соҳаи илм 20 фоиз зиёд карда шуда, вобаста ба ин маоши вазифавии сарходими илмии Институтҳои академияҳои  илмӣ ба ҳисоби миёна бо дарназардошти  унвони илмӣ  ба 1723 сомонӣ ва сарходими илмии муассисаҳои соҳавӣ ба 1121 сомонӣ расонида мешавад.
Маоши кормандоне, ки дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, 25 фоиз зиёд мегардад,  яъне  маоши вазифавии корманди маъмурии хона - интернатҳо барои маъюбону пиронсолон ба ҳисоби миёна ба 1241 сомонӣ ва кормандони маъмурии дигар муассисаҳо (осоишгоҳҳо,  литсей интернати касбии махсуси маъюбон ва шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона) ба 1005 сомонӣ расонида мешавад.
Маоши вазифавии кормандони соҳаи  фарҳанг аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, клубҳо, театрҳо, матбуоти даврӣ ва нашрияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд ва дар ин робита маоши вазифавии мудири китобхонаи ноҳия аз 1 июли соли ҷорӣ ба 965 сомонӣ баробар мегардад.
Маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои командири взвод, прапоршикҳо, сержантҳо ва сарбозон адои хизмат мекунанд, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи хурди мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15 фоиз  ва хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои ҳайати афсарон адои хизмат мекунанд, инчунин ҳайати шахсии роҳбарикунандаи миёна, калон ва олии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ  ба  андоза 15 фоиз зиёд карда шудаанд.
Маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз рутбаи қаторӣ то лейтенант – 520 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш – 470 сомонӣ, яъне 15 фоиз зиёдшавӣ муқаррар карда шудааст.
Барои ҳарчи бештар ба хизмати давлатӣ ҷалб намудани мутахассисони болаёқат музди меҳнати мутахассис, мутахассиси пешбар ва сармутахассиси мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот барои ҳисоб намудани маоши вазифавии мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми хизмати давлатӣ андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ 520 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки вобаста ба ин зиёдшавӣ музди меҳнати онҳо 15 фоизро ташкил медиҳад.
Барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум бошад, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳои тарифӣ ба андозаи 470 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки вобаста ба ин зиёдшавии музди меҳнати онҳо 15 фоизро дар бар мегирад.
Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаву ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд мегарданд.
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии нафақа низ мушаххас муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 20 фоиз зиёд карда шуд, ки андозаи он 156 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад.
Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ ва зиёда фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд), барои маҳрум шудан аз саробон ва аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳҳои II аз овони кӯдакӣ), ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин гардидаанд, ба андозаи 60 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муайян карда мешавад.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии стипендияҳои давлатии донишҷӯёну аспирантон ба андозаи 30 фоиз муайян карда шуда, стипендияи Президентии донишҷӯён аз 630 сомонӣ ба 819 сомонӣ ва аспирантони муассисаҳои олӣ ва илмӣ аз 756 сомонӣ ба 983 сомонӣ расонида мешавад.
Стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бошад, аз 79 сомонӣ ба 103 сомонӣ расонида мешавад.
Маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод ва иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ пурра таъмин карда мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.06.2016    №: 109    Мутолиа карданд: 8692
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед