logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ба фаъолият оғоз намудани Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох», ноҳияи Данғара, 8 июни соли 2016

Олимону донишмандони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!
Баъди таваққуфи бистсола дубора ба фаъолият оғоз намудани Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох» - и Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва аҳли илми кишвар табрик мегӯям.
Ба кор даромадани ин таҷҳизоти астрономӣ боз як падидаи нек барои рушди илм маҳсуб ёфта, олимон шароити боз ҳам бештар пайдо менамоянд, ки корҳои илмиашонро дар сатҳи байналмилалӣ ба анҷом расонида, дар илми ситорашиносӣ, яъне омӯзиши ҷирмҳои кайҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Воқеан, илм барои инсоният, бахусус мардуми мо аз қадим арзиши бузург дошт ва имрӯз низ, яъне дар шароити рушди босуръати ҳаёти ҷомеаи ҷаҳон нақш ва мақоми илм торафт меафзояд. Дар ҳақиқат илм ва бозёфтҳои илмӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои фаъолияти маънавии аҳли башар ва ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи фарҳанги умумиинсонӣ, аз ҷумла мардумони ориёитабор будааст.
Илм барои халқи мо собиқаи чандинҳазорсола дошта, он дар  чаҳорчӯбаи робитаҳои  мутақобилан судманди фарҳангҳои Аврупо ва Осиё дар тӯли асрҳои зиёд ташаккул ёфтаву тараққӣ кардааст.
Тибқи маълумоти дар рисолаҳои Абурайҳони Берунӣ зикршуда гузаштагони некноми мо дар замонҳои қадим баробари дигар қавмҳои бостонии Қибту Бобул ва Юнону Ҳинд “дар гирд кардану гиромӣ доштани илму дониш” корҳои шоиста ба анҷом расондаанд.
Дар асрҳои миёна аксари риёзидонону ҳайъатшиносон зодагони Хуросону Мовароуннаҳр буда, шохаҳои алоҳидаи илмро асос гузоштаанд ва ба ин восита дар рушди илм, дар маҷмӯъ, хизматҳои барҷаста кардаанд.
Олими асри IX Муҳаммади Хоразмӣ ба пайдоиши бахши илми риёзӣ – алгебра асос гузошта, истилоҳи ҳозираи алгоритм аз таълимоти ӯ гирифта шудааст. Риёзидонони мовароуннаҳрӣ дар бахши илми мусалласот (тригонометрия) ҳам бештар аз 100 ҷадвали дақиқро мураттаб сохта будаанд.  Дар илми ҳайъат (астрономия) донишмандони Мовароуннаҳр комёбиҳои ҷолиб ба даст овардаанд.
Ин минтақа дар тӯли таърих беш аз 100 нафар мунаҷҷимонро тақдими ҷаҳониён намудааст, ки Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, Умари Хайём, Насируддини Тӯсӣ аз ҷумлаи бузургтарини онҳо ба шумор мераванд.
Донишманди бузурги тоҷик Абуалии Сино ҳамчун ифтихори илми асримиёнагии ҷаҳонӣ дар қатори дигар масъалаҳои бунёдӣ доир ба илми ҳандаса (геометрия) ва ҳайъат ақидаҳои ҷолибе баён намудааст. Ӯ бозёфтҳои донишмандони пешинро мавриди боздиди интиқодӣ қарор дода, дар баробари ин, ба илми ҳандаса ақидаҳои нав ворид намудааст.
Дигар саҳми пурарзиши мунаҷҷимони ин давра тартиб додани зиҷҳо (ҷадвали ситораҳои собита) буда, сарчашмаҳо доир ба вуҷуд доштани бештар аз 100 зиҷ мавҷуданд.
Зиҷҳо як навъ энсиклопедияи астрономияи амалӣ маҳсуб ёфта, дар баробари ҷадвалҳои тригонометрӣ ва ҷуғрофӣ барои таҳияи тақвимҳо ва дуруст муайян кардани ҳаракати Моҳу Офтобу сайёраҳо мусоидат мекунанд.
Бо дарназардошти назарияву таълимоти гузаштагон ва илму таҷрибаи андӯхтаи онҳо, инчунин дастовардҳои илми муосир соли 1932 дар кишвари мо аввалин расадхона таъсис дода шуд, ки дар заминаи он соли 1958 Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ташкил гардид.
Институт тайи беш аз ним аср бо мушоҳидаи объектҳои табиӣ ва сунъии кайҳонӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаву барномаҳои байналмилалӣ машғул шуда, омӯзиши сохти  метеорҳоро ба роҳ мондааст ва доир ба атмосфераи болоии Замин, кометаҳо, астероидҳо, ситораҳо ва галактика як силсила таҳқиқоти арзишманд ба анҷом расондааст.
Бахусус, таҳти роҳбарии академикҳо Бобоҷонов П. ва Доброволский О. дар илми ситорашиносӣ мактабҳои машҳури илмӣ оид ба моддаҳои метеорӣ ва физикаи кометаҳо ба вуҷуд омада, асарҳои онҳо шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудаанд. Бо дарназардошти аҳамияти таҳқиқоти олимони тоҷик Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ саҳми институтро дар рушди илми астрономия хеле баланд арзёбӣ намудааст. Ҳоло ҳафт сайёраи хурд ба номи ҳафт нафар олимони институт номгузорӣ шуда, ду сайёраи дигар унвони озмоиширо гирифтааст. Ин дастоварди намоёни олимони мамлакат шоистаи таҳсин ва нишондиҳандаи сатҳи пешрафти илми тоҷик мебошад.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ, бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки хусусан солҳои аввали ин давра вуҷуд доштанд, институт неруи асосии илмии худро аз даст надода, на танҳо  расадхонаҳо ва таҷҳизоти асосиро ҳифз намуд, балки кормандони он таҳқиқоти бунёдиро идома дода, ба масъалаи омӯзиши ҳаракати кометаҳо, моддаҳои метеорӣ ва объектҳои табииву сунъии наздизаминӣ, ситораҳои тағйирёбанда, галактикаҳо ва монанди инҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.
Имрӯз дар Институти астрофизика се расадхонаи илмӣ - расадхонаи “Ҳисор” дар баландии 730 метр, расадхонаи «Санглох» дар баландии 2300 метр ва  расадхонаи «Помир» дар баландии 4350 метр дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд.
Бахусус, Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох», ки дар масофаи тақрибан 150 километр дар ҷанубу шарқии шаҳри  Душанбе ҷойгир буда, соли 1977 таъсис ёфтааст, бо хусусияти ҷойгиршавӣ ва тарзи фаъолияти худ дар ҷаҳон беназир аст.
Соли 1995 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба ин расадхона мақоми байналмилалӣ дода шуд. Расадхонаи мазкур дорои телескопи нодире  мебошад, ки  соли 1980  аз кишвари Олмон оварда шудааст ва объектҳои андозаашон 10 сантиметрро дар масофаи 40 ҳазор километр аз сатҳи Замин дида метавонад.
Соли 1985, дар вақти наздикшавии навбатии кометаи Галилей ба Офтоб, аксҳои нахустини он дар расадхонаи «Санглох» гирифта шуда буданд.
Мавзеи ҷойгиршавии расадхона низ аз лиҳози амалияи илмӣ барои гузарондани мушоҳидаҳои астрономӣ ниҳоят мусоид мебошад. Зеро дар ин мавзеъ шумораи шабҳои соф дар як сол ба  230 расида, акси ситораҳо ба воситаи телескопи ин расадхона хуб намудор мешавад.
Мутаассифона, бар асари мухолифатҳои оғози солҳои 90 - уми асри гузашта ин дастгоҳи нодир дар ҳолати корношоямӣ қарор дошт ва бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалӣ доштани расадхона, инчунин имкониятҳои таҷҳизоти он барои гузарондани мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди низоми офтобиву кометаҳо ва монанди инҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маблағи зарурӣ ҷудо гардид ва бо ҷалби мутахассисони ватаниву хориҷӣ фаъолияти он барқарор карда шуд.
Ба фаъолият оғоз кардани ин расадхона барои ноил шудан ба натиҷаҳои сатҳи байналмилалӣ имконият фароҳам оварда, албатта, ба инкишофи илм дар кишварамон мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, ба олимон ва мутахассисони соҳаи астрономия шароит фароҳам меоварад, ки  бо олимони дигар давлатҳои дунё ҳамкорӣ намоянд ва шуҳрати мактаби ситорашиносии Тоҷикистонро боз ҳам баландтар бардоранд.
Ҳукумати Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардани ин расадхонаро дастгирии Академияи илмҳо ва умуман олимони кишвар меҳисобад ва минбаъд низ чунин иқдомоти вобаста ба пешрафти илмро ҷонибдорӣ менамояд.
Мо мушкилотеро, ки дар соҳаи илм вуҷуд доранд, медонем ва барои ҳалли онҳо пайваста чораҷӯӣ карда истодаем. Масалан, фақат дар давоми даҳ соли охир Ҳукумат, бо вуҷуди идома пайдо кардани таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллии мо, барои таъмини фаъолияти Академияи илмҳо ва рушди илм 300 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст.
Олимони моро зарур аст, ки бо истифода аз заминаҳои мавҷуда барои анҷом додани таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ, алалхусус, ҷиҳати рушди илмҳои дақиқ, ба шумули физика, химия, биология эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Масъалаи ихтироъкориву навоварӣ, кашфу эҷоди техникаву технологияҳои нав ва ҳарчи бештар ба роҳ мондани робитаи илму истеҳсолот аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки бояд дар маркази диққати роҳбарони Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, инчунин роҳбарону кормандони илмии институтҳои дахлдор қарор дошта бошад.
Дар баробари пешбурди таҳқиқоти илмӣ олимони мо ва умуман, кулли кормандони Академияи илмҳо ҳамчун гурӯҳ ё табақаи пешрави аҳли зиёи кишвар вазифадоранд, ки дар таблиғи дастовардҳои истиқлолият, моҳият ва нақши соҳибихтиёрӣ дар тақдири миллат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, илму донишомӯзӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон саъю талоши пайваста дошта бошанд.
Дар охир ба ҳамаи олимони кишвар ва кормандони расадхона дар пешбурди илми ватанӣ барори кор орзу намуда, ба шумо дар омӯзиши коинот ва асрори нуҳуфтаи он бозёфт ва кашфиётҳои нави илмӣ мехоҳам.
Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.06.2016    №: 110    Мутолиа карданд: 2004
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед