барқияҳо
ТАСАЛЛИЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ДАРГУЗАШТИ ҚАҲҲОР МАҲКАМОВ
8 июни соли 2016 ходими намоёни давлатӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович баъди бемории тӯлонӣ дар синни 84 - солагӣ аз олам даргузашт.
Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович дар давоми умри бобаракати худ дар мансабҳои гуногуни роҳбарикунандаи давлатӣ ифои вазифа намуда, тамоми дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии Тоҷикистон сарф кардааст.
Мавсуф ҳамчун шахси хоксор, мутахассиси кордон ва роҳбари дилсӯзу ғамхор дар хотири мардуми Тоҷикистон абадӣ хоҳад монд.
Дар ин лаҳзаҳои вазнин ба фарзандону пайвандон ва хешу таборони Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба ҳамаашон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.06.2016 №: 111 Мутолиа карданд: 11024