logo

порлумон

МУРОҶИАТ НАБОЯД БЕҶАВОБ МОНАД

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, баргузор гардид, ду лоиҳаи қонун дар таҳрири нав ба тасвиб расид.

Мавлуда Қаландарзода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иброз дошт, ки он қонунгузориро дар масъалаи сиёсати идоракунии давлатӣ таҳким бахшида, барои таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ мусоидат мекунад. Лоиҳаи қонуни мазкур аз муқаддима, 5 боб ва 28 модда иборат буда, ҷанбаҳои муҳими муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар бар мегирад. Назар ба гуфтаи мавсуф, лоиҳа аз қонуни амалкунанда бо он фарқ мекунад, ки дар он доираи субъектҳои муроҷиат васеъ гардида, дар баробари шахсони воқеӣ ба шахсони ҳуқуқӣ дар сатҳи қонун имконият фароҳам оварда мешавад, ки ба мақомоту ташкилотҳои дахлдор, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, муроҷиат намоянд. Мафҳумҳои асосӣ такмил ёфта, мазмуни ариза, таклиф, дархост, шикоят, муроҷиатҳои электронӣ, шифоҳӣ, тавассути ВАО, такрорӣ ва китоби арзу шикоятҳо шарҳ дода шудааст. Инчунин, дар лоиҳаи қонун нисбат ба шаклҳои муроҷиат талабот гузошта шуда, риоя нагардидани онҳо оқибатҳои ҳуқуқиро пешбинӣ менамояд.
Валӣ Ваҳобов, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ташреҳи лоиҳа иброз дошт, ки дар он на танҳо муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба тартиб, пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, балки муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ, озодии манфиатҳои қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилот, муассиса, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилии ҳуқуқӣ, танзими худро ёфтаанд, ки ин навигарӣ ва бартарии қонуни мазкур мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти болоӣ сол ба сол меафзояд, ки яке аз сабабҳои он аз тарафи баъзе роҳбарони мақомоти давлатӣ дуруст ба роҳ монда нашудани қабули шаҳрвандон ва беэътиноӣ нисбат ба арзу шикоятҳои онҳо мебошад.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун ин нукта ба назар гирифта шуда, масъалаи қабули шахсии шаҳрвандон аз ҷониби шахсони мансабдор пурра ба танзим дароварда шудааст. Назар ба гуфтаи мавсуф, дар лоиҳаи қонун қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шуда, масъулияти шахси мансабдор оид ба ташкили қабул, бақайдгирӣ, дар муҳлати муқарраркарда баррасӣ намудан ва ба ҳисобгирии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро муқаррар намудааст, ки ин дар қонуни амалкунанда пешбинӣ нашуда буд.
Шукурҷон Зуҳуров зимни баррасии лоиҳаи қонун иброз дошт, ки агар мо аз рӯи ҳамин лоиҳа амал намоем, боварии мардум ба давлат ва Ҳукумат бештар меафзояд. Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид ба он дошт, ки Прокуратураи генералӣ дар масъалаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон бояд намуна бошад, ягон муроҷиат беҷавоб намонад. Мавсуф тазаккур дод, ки дар ин самт аз тарафи мақомоти корҳои динӣ, прокуратура, судҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, вакилони мардумӣ беэътиноӣ ба назар мерасад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2016    №: 112    Мутолиа карданд: 11360
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед