қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016»
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2015 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, № 11, мод. 978) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар қисми 1 калимаҳои «ва таҳвили он» ба калимаҳои «, таҳвили гандум, инчунин фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда» иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми хариди (воридоти) дигар молу маҳсулоти (кору хизматрасониҳои) барои таҳвили минбаъдаи гандум ва (ё) коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда истифодашаванда пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад.»;
- ба қисми 8 пас аз калимаҳои «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» калимаҳои «ва дарахтон, гулу буттаҳои ороишӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд;
- қисмҳои 11 – 13 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«11. Ҳисоб ва пардохти андоз аз фурӯши нахи пахта бекор карда шуда, бар ивази он боҷи содиротӣ барои нахи пахта ба андозаи 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротшаванда муқаррар карда шавад.
12. Барои корхонаҳои сохтмонӣ, муассисаҳои таълимӣ (ба истиснои муассисаҳои давлатии дар банди 6) қисми 2 моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда) ва корхонаҳои хӯроки умумӣ меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 5 фоиз (ба истиснои воридоти андозбандишаванда) муқаррар карда шуда, ҳисобкунӣ ва пардохти он мутобиқи муқаррароти моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз рӯзи якуми моҳе, ки пас аз интишори расмӣ фаро мерасад, мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 9 июни соли 2016, № 1321
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 июни соли 2016, № 468
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.06.2016 №: 112 Мутолиа карданд: 5132