барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА БАРАК ҲУСЕЙН ОБАМА
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Ҷаноби Олӣ!
Хабари амали террористӣ дар шаҳри Орландо, ки муҷиби ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрванди кишвар гардид, бо андуҳи бузург ва нафрати беандоза дарёфтам.
Мавҷи даҳшатангези терроризм, ки аслан на дин дораду на ватану на миллат, имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифта, бори дигар зарурати идомаи муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи ин таҳдиди глобалӣ қотеона таъкид менамояд.
Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Амрико ва ибрози ҳамдардии инҷониб ба наздикону пайвандони қурбониён, хоҳони шифои комили маҷрӯҳшудагон ҳастем”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.06.2016 №: 114 Мутолиа карданд: 11005