номаҳо
ҲАҚ БА ҲАҚДОР БОЯД РАСАД
Мо бе модар ва дар тарбияи бибию падарам будем. Дар ноҳияи Спитамен, Ҷамоати деҳоти Т. Улҷабоев, кӯчаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, хонаи № 49 ҳамроҳи бибиям Бувиҷон Абдураззоқова, падарам Ҳабибулло Абдураззоқов ва хоҳарам Зарина зиндагӣ мекардем.
Фарзандони бибиям Ғайбулло, Хайрулло ва Навбаҳор дар дигар ҷо бо аҳли оилаашон мезистанд. Хоҳарам Зарина соли 2010 вафот кард. Пас аз он бибиям бемори рӯҳӣ шуд.
Соли 2013 ман ба шавҳар баромадам. Дар ҳамин сол дасту пойи бибиям фалаҷ шуд. Ман барои нигоҳубини ӯ омадам. Падари шавҳарам инро намехост. Аз ин рӯ, оилаамон вайрон гардид. 12 декабри соли 2014 бибиям дунёро дар 83 – солагӣ падруд гуфт. Падарам дар 48 – солагӣ, 28 июли соли 2015 вафот кард. Ҳанӯз ҷисми ӯро ба хок насупурда, аммаву амакҳоям дар андешаи фурӯхтани хонаву тақсими пули он афтоданд.
Баъд аз 9 рӯзи вафоти падарам амакам Ғайбулло бо фарзандаш Дилшод ва ҳамсари амаам Навбаҳор омада, маро аз хона пеш карданӣ шуданд.
Ин амал, яъне пеш кардани ман аз хона чандин маротиба такрор ёфт. Ба санаи 7 апрели соли 2010 аз ҷониби Д. Азимова, нотариуси давлатии ноҳияи Спитамен, васиятнома тартиб дода шудааст, ки тибқи он бибиям ҳамаи молу мулкаш, аз ҷумла хонаи истиқоматияшро воқеъ дар ноҳияи Спитамен, Ҷамоати деҳоти Нов, кӯчаи Космонавт, хонаи рақами 37 - ро ба наберааш Абдураззоқов Дилшодҷон Ғайбуллоҷонович аз рӯи васият ба мерос гузоштааст. Ман фикр намекунам, ки васиятнома қонунӣ бошад. Зеро дар он омадааст, ки бо сабаби камсавод ва пиронсол будани бибиям ба ҷояш як шоҳид имзо гузорад. Ҳол он ки ҳафтае пештар бибиям шиносномаи миллӣ гирифта, дар он худаш имзо гузоштааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия ба дастгириям бархост, шароити зиндагиямро санҷид. Аммо фаҳмидам, ки онҳо ба кори суд дахл карда наметавонанд. Хуллас, Дилшод, ки хона дорад, маро бехона карданӣ аст.
Фикр мекунам, ки пас аз ин муроҷиати имдодхоҳонаам ба гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи бонуфузтарини кишвар, яъне «Ҷумҳурият» масъаларо бори дигар аз рӯи адолат баррасӣ менамоянд ва ҳақ ба ҳақдор мерасад. Охир бояд чунин бошад.
Элмера АБДУРАЗЗОҚОВА, ноҳияи Спитамен
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.06.2016 №: 115 Мутолиа карданд: 11240