мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶОЗЕФ Л. ВОТЕЛ
15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Фармондеҳи фармондеҳии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои мудофиа ва амнияту суботи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор намуд, ки «Ҷониби Тоҷикистон ҳамкории худро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷодаи амниятӣ омили муҳими нигоҳдориву таҳкими сулҳу субот дар минтақа, бахусус дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон арзёбӣ намуда, таъкид медорад, ки ин масоил дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон ҷойгаҳи хоссаи худро дорад”.
Дар мулоқот ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияту суботи минтақавӣ баҳои баланд дода шуд ва таъкид гардид, ки сатҳу сифати ҳамкорӣ ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн буда, рушди бемайлони онҳо дар оянда барои таҳкими бештари иқтидори марзбонии Тоҷикистон дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон мусоидат менамояд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Барномаи кумаки байналмилалии молиявии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҳамгироии муштарак дар бунёд ва ҷиҳозонидани инфрасохтори муосири сарҳадбонии Тоҷикистон, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси низомӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва зиёд кардани иқтидору зарфияти воҳидҳои амниятию зиддитеррористӣ табодули афкор намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.06.2016 №: 115 Мутолиа карданд: 8563