номаҳо
РОҲИ АЙНӢ – КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ НИЁЗ БА ТАЪМИРУ ТАРМИМ ДОРАД
Изҳори сипос менамоем, ки таъмиру тармиму таҷдиди роҳҳои гӯшаву канори мамлакат ва бунёди пулу нақбҳо, долонҳои зидди тармавӣ сурат мегирад. Ин иқдоми нек барои рафтуои бемамонияти мардум ҳамаҷониба мусоидат карда, онҳоро барои дарки ободии Ватан вазифадор менамояд. Инчунин онҳо дар ҳалли мушкилот мусоидат намуда, боиси поён рафтани сатҳи камбизоатӣ мегарданд. Бунёди шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - Хуҷанд – Чанак бо ҳамаи иншооташ намунаи барҷастаи он мебошад.
Аммо дар қаламрави кишвар ҳанӯз ҳам қитъаҳои вайрону валангори роҳ, гардишҳои садамавӣ ва душворгузар мавҷуданд. Роҳи мошингарди Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз шумори ҳамин гуна роҳҳо маҳсуб мешавад. Аз маркази ноҳияи Айнӣ то дуртарин деҳот ба самти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 60 км роҳ аст. Агар дар 1 ё 1,5 соат аз Душанбе ба ноҳияи Айнӣ омадан муяссар гардад, барои тайи ин 60 км - и боқимонда 2 - 3 соат вақт лозим мешавад. Илова бар ин, ҳолати ташвишовари роҳ, ки барои рафтуои нақлиёт душворӣ пеш меорад, боиси нигаронии мардуми кӯҳистон гаштааст. Гардишҳои садамавии ҳудуди баъзе деҳаҳо бештар ба таҷдиду азнавсозӣ ниёз доранд. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ мегӯянд. Хуб мешуд, ки масъулон сари ин мушкил андеша мекарданд.
М. САИДОВ, Х. ҶУМЪА, ноҳияи Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.06.2016 №: 120 Мутолиа карданд: 11279