туризм
ЛАХШ.
МАВЗЕЪҲОИ ЗЕБОМАНЗАР МЕТАВОНАНД МАНБАИ ДАРОМАДИ БЕШТАР БОШАНД
Лахш ин ноҳияи баландкӯҳ мавзеъҳои бениҳоят зебову тамошобоб дорад. Чашмаи «Тамдикӯл», ҳавзи Сартоло, водии Ҷилондӣ ва майдони «Масквина» - и қуллаи Исмоили Сомонӣ солҳост, ки диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд.
Оби чашмаи «Тамд-икӯл» 80 – 90 дараҷа гарм буда, ба дардҳо шифо мебахшад. Он аз маркази ноҳия дар масофаи 25 км дур қарор дорад ва аз аввали моҳи июн то моҳи октябр меҳмонони зиёд барои табобату истироҳат ба он ҷо мераванд. Минтақаҳои Сартоло, Ҷилондӣ ва майдони «Масквина» низ барои сайёҳон ҷолиби диққатанд. Аммо имконияту манбаъҳои зиёди туризм чандон самаранок баҳрабардорӣ намешаванд. Махсусан, набудани инфрасохтори зарурӣ ва мутахассисони забондон садди афзудани шумораи туристон гардидааст.
Исмоналӣ Сафаров, раиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, дар ин хусус чунин гуфт:
- Ҳар сол қариб 1000 сайёҳ, аксаран сокинони гӯшаҳои гуногуни кишвар барои табобат ва саёҳат ба мавзеи «Тамдикӯл» меоянд. Вале, аз минтақаҳои дигар бо сабаби харобии роҳҳо, набудани меҳмонхона ва иншооти дигари сайёҳӣ шумораи хеле ками туристон дидан мекунанд. Сайёҳони хориҷӣ бештар ба тамошои майдони «Масквина» - и қуллаи Исмоили Сомонӣ ҳавас доранд (соле то 100 – 150 нафар). Мавзеи номбурда аз сатҳи баҳр дар баландии 4, 5 ҳазор метр қарор дошта, барои шикор хеле мувофиқ мебошад. Минтақаҳои баландкӯҳи Сартоло ва Ҷилондӣ, ки ҳавзу доманакӯҳҳои хушобу ҳаво ва зебоманзар доранд, барои сайру гашт ва фароғат хеле мусоиданд. Шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ дар мавсими омадани сайёҳони хориҷӣ (аз моҳи июн то октябр) бо ҷойи кор таъмин гардида, моҳе аз 2 то 8 ҳазор сомонӣ музд мегиранд. Агарчи ҷойҳои истироҳату фароғати зебоманзар дар ноҳия бисёранд, вале набудани роҳ ва имконияти будубош дар он мавзеъҳо ба афзоиши шумораи сайёҳон монеа эҷод намудааст. Дар ҳолати фароҳам будани шароити лозима ташрифи туристон ба ноҳия чанд карат зиёд шуда, ба ин васила буҷаи оилавии сокинони диёр ғанитар хоҳад гашт. Яке аз сабабҳои дигари ба минтақа кам ҷалб гардидани сайёҳон ва аз мадди назар дур мондани имкониятҳои туризми ин диёр набудани ташкилоти алоҳида дар самти мазкур ба ҳисоб меравад. Ноҳия ба таъсиси созмони туристие, ки ҷалби сайёҳон, ташкили инфрасохтор ва танзими ҳуқуқии соҳаро ба роҳ монад, эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тасмим гирифтааст, ки ҳамкориҳоро бо муассисаҳои бонуфузи соҳа ба роҳ монда, ба беҳтар шудани ҷалби сайёҳон мусоидат намояд.
Ба гуфтаи Сайдалӣ Сайидраҳмонов, сарвари Ассотсиатсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии «Сурхоб», барои афзун сохтани шумораи меҳмонони хориҷӣ, пеш аз ҳама фароҳам намудани танзими ҳуқуқии соҳа муҳим аст. Агар хадамоти махсуси бақайдгирии туристон дар дидбонгоҳи гумрукии сарҳадӣ ташкил карда шавад ва сайёҳон имконияти ҳуқуқии сайру гаштро дар мавзеъҳои истироҳату фароғати ноҳия пайдо кунанд, шумораи онҳо дучанд меафзояд. Масъалаи бунёди инфрасохтор низ бо афзудани даромаднокии соҳа, худ аз худ ҳал мегардад.
Туризм имрӯзҳо дар қатори савдои сӯзишворӣ, воситаҳои нақлиёт ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, яке аз бахшҳои даромаднок дар иқтисоди ҷаҳон маҳсуб меёбад. Бартарияти соҳа дар он аст, ки харҷи хеле каму фоидаи зиёд дорад. Аз ин лиҳоз, беҳтар намудани инфрасохтори истироҳату фароғати мавзеъҳои сайёҳӣ дар ноҳияи Лахш аз манфиат холӣ нест. Чунки ҳадди ақал чанд нафар соҳиби пешаи муайян гардида, аз ҳисоби фоидаи ба дастомада хароҷоти бахшҳои дигар пӯшонда мешаванд. Пас, кай мавзеъҳои зебоманзари Лахш даромади бештар меоранд?
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2016 №: 134 Мутолиа карданд: 11686