мулоқотҳо
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Игор Сечин ва Анатолий Сердюков
3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Сечин ва вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Сердюковро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯи кории Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва ҳарбӣ-техникии ду кишвар баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили анҷоми пурра ва босифати сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва дар ҳузури сарони ду давлат ба истифода супурдани он зоҳир гардид.
Масоили ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла омодасозии кадрҳои низомии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзои иҷтимоӣ - сиёсӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯ намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1902