номаҳо
ФАРХОР. ЯК ЧОЙХОНА НАМЕРАСАД
Мо собиқадорони меҳнати ноҳияи Фархор дар куҷо дам гирем, намедонем. Дар ёд дорем дар замони шӯравӣ дар маркази ноҳия 4-5 чойхона буд, ки дар он ҳам калонсолон, ҳам ҷавонон чой менӯшиданд ва дам мегирифтанд. Хусусан, дар як тарафи боғи марказӣ чойхонаи тобистона буд, ки дар он қариб ҳамаи намуди хӯрокиҳо пухта мешуданд.
Аз ҳама муҳимаш он буд, ки дар чойхонаи боғ ҷои махсус барои шоҳмотбозӣ, доминобозӣ ва шашкабозӣ ҷудо карда шуда буд. Ғайр аз ин, дар як кунҷи чойхона ба номи «Гӯшаи сурх» рӯзномаю маҷаллаҳо гузошта шуда, одамон дар баробари чой нӯшидан боз рӯзномаю маҷалла хонда, ғизои маънавӣ мегирифтанду бо табъи болида аз пайи кори худ мешуданд.
Ҳоло бошад чӣ, на собиқадорони меҳнат, на ҷавонон, на шахсони дар тобистон ба рухсатии меҳнатӣ баромада, намедонанд дар куҷо дам гиранд.
Айни ҳол дар маркази ноҳия, дар рӯ бо рӯи бозори марказӣ, дар соҳили ҷӯйбор чойхонае бо номи «Табассум» сохта шудааст. Яъне чойхона вуҷуд дорад гӯем хато намекунем, вале он ба талаботи мизоҷон ҷавобгӯ нест. Дар беруни он ҳамагӣ ду кат гузошта шудааст. Гӯё барои шоҳмотбозӣ ва шашкабозӣ, вале дар ин ду кат одамони зиёд ҷамъ шуда, бо мағалу дашном шоҳмот ё шашка мебозанд. Ягон маданияти чойхонадорӣ риоя намешавад. Ҳолати санитарию гигиенӣ ҳам хуб нест.
Дар маркази ноҳия боғи истироҳатию фароғатиро аз нав бунёд карданд, ки назар ба боғи пешина хеле зебо аст, аммо мо намефаҳмем, ки барои чӣ дар ягон кунҷи он барои шаҳрвандон сохтани як чойхонаро лозим надонистанд, ки дар он собиқадорони меҳнат чой нӯшида, дам мегирифтанд. Ҳол он, ки дар боғ ҷойҳои холӣ бисёр аст.
Мо дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Шояд ба ин муносибат роҳбарияти ноҳия ташаббус нишон диҳаду барои ниёзмандон чойхонаи зебое сохта, туҳфа созад.
С. АМИНОВ, сокини ноҳияи Фархор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.07.2016 №: 136 Мутолиа карданд: 11284