мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон
бо Роберт Блейк
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот маҷмӯи масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар, қабл аз ҳама ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт:
-Тоҷикистон ба рушди пайвастаи муносибатҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамаи самтҳои барои ҳар ду ҷониб судбахш манфиатдор аст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки минбаъд дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико афзалият бештар ба рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дода шавад, аз ҷумла бо назардошти имкону захираҳои минтақавӣ бо фарогирии Афғонистону Покистон.
Роберт Блейк ба Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои муносибатҳои хуби шарикӣ бо Амрико, аз ҷумла дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин дар мусоидат ба барқарорсозии амнияту субот дар Афғонистон , арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки Амрико ҳам ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор аст.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба рушди ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика ва коммуникатсия, ки аҳамияти калони минтақавӣ дорад, зоҳир карда шуд.
Дар робита ба Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиёти он таъкид гардид, ки мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон ва муҳайё намудани ҷойҳои корӣ барои аҳолии деҳоташ ба хотири аз кишти рустаниҳои нашъаовар дур намудани онҳо аз самтҳои асосии кори кишварҳо ва созмонҳои мададрасон бояд бошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар мулоқот бо ҷаноби Президент, ки дар фазои ҳамди-гарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, таваҷҷӯҳи асосӣ ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ, масоили вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, коҳиш додани таъсири он ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва як қатор масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо, аз ҷумла рушди иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон, равона гардид.
Мо аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ намудем. Таъкид ба амал омад, ки ҳамгироии бештари иқтисодии Тоҷикистону Амрико на танҳо ба манфиати ду кишвар, балки ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа аст.
Дар ин бора пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роберт Блейк, ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Дар мулоқот инчунин оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон сухан рафт. «Ман ба Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати Тоҷикистон, барои муносибатҳои дӯстона ва шарикии устувору боэътимод арзи сипос намудам», -гуфт ёвари котиби давлатии ИМА Роберт Блейк.
Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»
Панҷшанбе, 9 июли соли 2009. № 87 (21 594). Соли 85-уми нашр.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1795