мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РАНИЛ ШРИЯН ВИКРЕМЕСИНГҲ
Имрӯз дар шаҳри Ҷакарта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Ранил Шриян Викремесингҳ мулоқот намуд.
Зимни суҳбати самимӣ масоили вобаста ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Шри Ланка дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ба таври муфассал ҷиҳати роҳандозӣ намудани самтҳои наву ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, хусусан бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, коркарди муштараки канданиҳои фоиданоки табиии Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи илмию фарҳангӣ табодули афкор намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.08.2016 №: 154 Мутолиа карданд: 9379