энергетика
МАҚСАД - ИСТИҚЛОЛИЯТИ ПУРРАИ ЭНЕРГЕТИКӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои азими неруи барқи обист ва метавонад дар таъминоти барқи дохилии худӣ ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дошта бошад. Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи 8-ум ва аз рӯи ҳаҷми қиёсии захираҳо (ба ҳар сари аҳолӣ) мутаносибан ҷойҳои аввалу дуюмро ишғол мекунад. Захираи умумии энергияи барқи обӣ дар ҷумҳурӣ қариб 527 миллиард кВт-соатро ташкил медиҳад ва феълан танҳо 3 - 4 фоизи он истифода мешавад.
Бино ба иттилои Исмоилзода Мирзо, роҳбари ШСХК «Барқи тоҷик», дар шаш моҳи соли 2016 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 7 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст. Ҷиҳати кам кардани сатҳи талафоти неруи барқ дар ин давра 165 трансформатори дар реҷаи камборӣ қарордошта хомӯш карда шуд.
Имрӯз мушкили асосӣ дар назди ШСХК «Барқи тоҷик» ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо унвон мешавад.
Исмоилзода Мирзо гуфт, ки дар шаш моҳ аз тарафи ташкилотҳои буҷавӣ маблағи истифодаи барқ дар ҳаҷми 8,7 миллион сомонӣ пардохт нашудааст. Ғайр аз ин, вобаста ба дастгирии соҳаи хоҷагии оби ҷумҳурӣ корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пардохти маблағи барқро ҳамагӣ 625,7 ҳазор сомонӣ таъмин кардаанд, ки 5,1 дарсади маблағи ҳисобшударо ташкил медиҳад.
Аз ҷониби ширкат бо мақсади боэътимод фаъолият намудани зерсохторҳо дар фасли зимистон ва тайёрии онҳо ба мавсими селу боришот ва раъду барқ ба маблағи зиёда аз 67 миллион сомонӣ қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар мавод харидорӣ шуд.
Сол то сол беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ шаҳодати он аст, ки кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт самараи дилхоҳ медиҳанд. Ба кор андохтани МБГ «Душанбе-2» ва дар оянда ба фаъолият пардохтани НБО Роғун ва чанд неругоҳи хурду бузурги дигар беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар соҳаи энергетикаи обӣ хоҳад буд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои рушди энергетика 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст.
Ба андешаи коршиносон, Тоҷикистон дар солҳои наздик ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ноил хоҳад шуд. Илова бар ин, метавонад содироти неруи барқро ба хориҷи кишвар афзун созад ва даромади бештар ба буҷаи давлат ворид гардад.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.08.2016 №: 158 Мутолиа карданд: 17877