мулоқотҳо
МУЛОҚОТ БО ГУРӮҲИ САФИРОНИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СММ
8 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи сафирони кишварҳои аъзои СММ ва намояндагони вижаи кишварҳои иштирокдори Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои оби назди СММ - ро, ки барои иштирок дар Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи "Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт" ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ташрифи ҳайатҳои бонуфузи ин давлатҳоро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки иштироки онҳо дар ин чорабинии сатҳи баланд боз як нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҳукуматҳои кишварҳояшон барои дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои меҳварии вобаста ба об, ки дар Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дарҷ гардидаанд, ба ҳисоб меравад.
Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар оғози соли ҷорӣ бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид, Бонки ҷаҳонӣ ва роҳбарони даҳ кишвари аъзои СММ, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсис дода шудааст.
Дар мулоқот оид ба муҳимияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва мушкилоти глобалии вобаста ба обу беҳдошт табодули афкори судманд сурат гирифт. Изҳори умед карда шуд, ки пешниҳоди нави ҷониби Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» ҷонибдории амиқ пайдо намуда, бо иқдомҳои наву муҳим дар соҳаи об раванди расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор вусъати тоза касб менамояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.08.2016 №: 159-160 Мутолиа карданд: 10654