барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА МУҲАММАД НАВОЗ ШАРИФ
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари ҳамлаи даҳшатангезро дар шаҳри Кветтаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки мӯҷиби ҳалокати даҳҳо мардуми осоишта ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, бо андуҳу нафрати беандоза дарёфтам.
Тоҷикистон ин амали маргталабонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд.
Тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба аҳли наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.08.2016 №: 159-160 Мутолиа карданд: 11189