номаҳо
МАКТАБ Ё МУАССИСА?
Солҳои охир ба ҷойи вожаи «мактаб» вожаи «муассиса» корбаст шуда истодааст. Агар аз рӯйи мантиқ нигарем, муассиса мактаб буда наметавонад. Ҳама ҷонибдори он мебошанд, ки муассиса ҳеҷ гоҳ ҷойи вожаи мактабро намегирад.
Мактаб вожаи арабӣ буда, маънояш таълимгоҳест, ки дар он ҷо менависанд ва бо калимоти мактаб, мактуб, мукотиба ҳамреша мебошад, ки решааш дар асл катаба - навиштан аст. Мактаб (тоҷикиаш: дабистон, муассисаи омӯзиши ибтидоӣ, ҷое, ки дар он ҷо кӯдакон дарс мехонанд, дабиристон - муассисаи омӯзишӣ, ки дар он фориғуттаҳсилоти давраи раҳнамоӣ дарс мехонанд. (Фарҳанги форсӣ). Калимаи муассиса дурустараш муассаса ва шакли ҷамъаш муассасот - идора, муассиса, институт, ташкилот аз калимаи ассаса – асос гузоштан, таъсис кардан гирифта шуда, муассис – таъсисдиҳанда мебошад. Мактаб муассисаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамчуноне ки беморхона – муассисаи Вазорати тандурустӣ аст.
Ҳар рӯз шоҳиди чунин гуфтугӯйҳо ҳастем: «ба мактаб меравам», «аз мактаб омадам», «мактаб мехонам». Ҳеҷ вақт «ба муассиса меравам», «аз муассиса омадам», «муассиса мехонам» намегӯем ва нахоҳем гуфт. Аммо таркибҳои муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои мактабӣ, муассисаҳои таълимӣ зебову шинам сохта шудаанд, ки кӯдакистонҳо (боғчаҳо), мактабҳои миёна ва олӣ дар назар дошта мешаванд.
Дар ҳамаи фарҳангҳо, аз ҷумла дар фарҳанги забони тоҷикӣ вожаи мактаб ҷойи омӯзиши бачагон шарҳ ёфтааст.
Ёдрас мешавем, ки устод С. Айнӣ дар асари хеш «Таҳзиб-ул-сибён» (тарбияи атфол) дар васфи мактаб маснавие навишта буданд, ки имрӯз ҳам вирди забонҳост:
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям,
Одам нашавад магар касе аз мактаб…
Хушбахтона, муҳри макотиб бо ҳарфи «М» (муассиса, мактаб) оғоз мешавад, агар дигар ҳарф мебуд, хароҷоти барзиёд бори дӯши макотиб мешуд. Дар ҳамин ҳолат ҳам маблағҳои барзиёд масраф шуд.
Хайрият, ки дар ҳамаи даромадгоҳи мактаб бо ҳарфҳои калон «Салом, мактаб» овеза кардаем, агар «Салом муассиса» нависем, он гоҳ боиси ханда ва тамасхури дигар ҳамзабонҳо хоҳем шуд.
Файзулло БОҚИЕВ,
омӯзгори МТМУ № 5,-и деҳаи Дарғ, ноҳияи Айнӣ,
Аълочии маорифи Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.08.2016 №: 161 Мутолиа карданд: 11511