фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Шоҳзода Исроил Назаралӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шавад.
2. Сангинзода Хуршед Алӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад,
Саидзода Искандар Туйчӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад,
Холиқзода Халил Ҷумабой аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бинобар эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунанда, ки нисбати ӯ бароварда шудааст, озод карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 12 августи соли 2016, № 736
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.08.2016 №: 163 Мутолиа карданд: 7710