logo

барқияҳо

БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА АДИБИ МАШҲУРИ ТОҶИК

17 август ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Темур Қосимовичи азиз!
Шуморо ба муносибати 80 - солагии рӯзи таваллудатон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои эҷодиро таманно менамоям.
Шумо дар ҳақиқат яке аз адибони шинохтаи кишвари маҳбубамон мебошед, ки дар тайи умри бобаракататон ба халқ софдилона хидмат карда, дар тарбияи маънавии миллионҳо нафар дӯстдорони каломи бадеъ ҳиссаи сазовор гузоштаед. Асарҳои офаридаи Шумо ба бисёр забонҳои халқҳои олам тарҷума шуда, номи тоҷиконро шуҳратёр намудаанд.
Бештари кишварҳои пасошӯравӣ бо асарҳои пурмазмуну пуробуранги Шумо, ки пур аз ҳикматҳои пурғановат ва ривояту қиссаҳои дилнишини халқамон мебошанд, шинос буда, бо як ҷаҳон умеду таассурот онҳоро мутолиа менамоянд ва ҳозир ҳам аз асарҳои Шумо дурри маънӣ ҷуста, бо шавқу завқи зиёд онҳоро мехонанд.
Махсусан асарҳои Шумо «Достони марги Амир Темур», «Хоҷа Насриддин», «Хоҷа Зулфиқори Девона», «Саргузаштҳои заминию осмонии шоир», «Афъимори марҷонӣ», «Чойхонаи лаби ҷар», «Марг нест» ва ғайраҳо асарҳои саргузаштию ривоятӣ буда, ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шуда, дӯстдорони зиёд доранд.
Мардуми тоҷик низ бо завқи баланд асарҳои шуморо мутолиа карда, тавассути онҳо ба ҷаҳони рангини қаҳрамонони Шумо шиносоӣ пайдо намуда, бо офаридаҳоятон ифтихор менамояд.
Бори дигар дар ин рӯзи муборак Шуморо аз таҳти дил табрик гуфта, бароятон парвози баланди эҷодӣ ва саломатӣ хоҳонам».

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2016    №: 166    Мутолиа карданд: 10974
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед