барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ИТАЛИЯ
25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Италия Маттео Ренси барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадидро дар қисмати марказии Италия, ки боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани садҳо одамон шуда, харобиҳои зиёдеро ба бор оварданд, бо андуҳи бузург дарёфтам.
Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Италия сангин ҳамдардии амиқи инҷониб ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷиабор ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.08.2016 №: 172 Мутолиа карданд: 11030