сафарҳо
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мисри Араб
13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои узви Ҳаракати адами тааҳҳуд ба шаҳри Шарм-аш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб сафар кард.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷии мамлакат Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар ашхоси расмӣ гусел намуданд.
Сешанбе, 14 июли соли 2009. № 89 (21 596). Соли 85-уми нашр.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2242