фармонҳои президент
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Искандарзода Тоҳир Саъдоншо аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон,
Раҳимиён Амрулло Абдуҷабор аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо хоҳиши худашон озод карда шаванд.
2. Холзода Ҷомаҳмад Азиз аз вазифаи раиси суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон,
Қурбонзода Тоштемир аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон,
Собирзода Турахон Муҳаммад аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,
Розиқзода Рухсат Мирзоалим аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 сентябри соли 2016, № 759
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.09.2016 №: 189 Мутолиа карданд: 7838