logo

туризм

ҶАҲОНГАРДӢ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН НОГУЗИР АСТ

Рӯзи ҷаҳонии туризм соли 1979 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ  27 сентябр муқаррар гардид. Ҳадаф аз он тарғиби соҳа, инъикоси таъсири он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ташаккули иртиботи халқҳои кишварҳои гуногун мебошад. Бояд тазаккур дод, ки Созмони ҷаҳонии туристӣ 2016-ро соли «Туризм барои ҳама» эълон намудааст ва, дар иртибот ба ин, мо хостем баъзе паҳлуҳои соҳаи туристии кишварро мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Пешрафти сайёҳӣ дар
мамлакат назаррас аст
Тибқи маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳазор сайёҳ зиёд ворид шуд. Омили муҳими дигар дар ин самт он аст, ки ҷуғрофияи давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ба кишвари мо меоянд, васеъ гардад. Яъне, агар дар шаш моҳи соли 2015 шаҳрвандони 59 давлати дунё барои саёҳат ба Тоҷикистон омада бошанд, пас ин нишондиҳанда дар ним соли аввали соли 2016 ба 100 расид.
Солҳои охир пешрафти гардишгарӣ дар мамлакат мушоҳида шуда, он ба беҳшавии сатҳи хизматрасонӣ, эҳёи туризми мактабӣ, омодасозии хатсайрҳои нав ва таҷдиди инфрасохтор иртибот дорад.
Феълан дар мамлакат туризмҳои кӯҳнавардӣ, варзишӣ-кӯҳӣ, экологӣ,  таърихию омӯзишӣ, этнографӣ, касбӣ, рафтинг (қаиқронӣ дар дарёҳои кӯҳӣ), лижатозии кӯҳӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ ва истироҳатӣ роҳандозӣ гаштаанд. Омори туризми воридотӣ нишон медиҳад, ки сайёҳони хориҷӣ вобаста ба хусусиятҳои табиии кишвар, бештар ба навъҳои туризми экологӣ, варзишӣ- кӯҳӣ, экстрималӣ афзалият медиҳанд. Вале, бо вуҷуди иқтидори воқеӣ ва пешрафтҳои назаррас, Тоҷикистон дар бозори туристии ҷаҳонӣ мавқеи на он қадар намоёнро ишғол менамояд. 

Вазъи туризми воридотӣ беҳбудиро тақозо дорад
Таҳлили вазъи кунунии туризми воридотӣ ва дохилии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад, ки дар маҷмӯъ сатҳ ва сифати ҷараёни рушди ин самтҳо беҳбудиро талаб менамояд. Нафароне, ки хоҳиши дидани Тоҷикистонро доранд, на бевосита, балки тавассути ширкатҳои ҳамсоякишварҳо вориди мамлакат мешаванд.
Коршиносон иброз медоранд, ки ин аз норасоии мутахассисони ҳирфаӣ, нокифоя будани тадбирҳои маркетингӣ ва таблиғотию иттилоотӣ, инчунин корҳои ташкилию техникӣ ва ҳуқуқӣ оид ба рушди туризми байналмилалӣ вобаста аст. Ҳарчанд дар мамлакат 107 ширкати сайёҳӣ фаъолият барад ҳам, шумори бештари онҳо ба гирифтани раводид ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ машғуланд. Танҳо қисми ками онҳо ба ҷалби сайёҳон рӯй овардаанд.
Ғайр аз ин, сарфи назар аз самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат эълон гаштани соҳаи туризм, то ҳанӯз механизми ҳамоҳангсозии самараноки байниидоравӣ ба роҳ монда нашудааст. Мутаассифона, вазорату идораҳои дахлдор, ки аз давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ соҳибмулкони иншооти туристӣ маҳсуб меёбанд, ба масъалаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ чандон диққат намедиҳанд .

Суръати рушди ҷаҳонгардӣ нигоҳ дошта мешавад
Саноати сайёҳии замони муосир яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад. Омори СММ ва баъзе институтҳои байналмилалии молиявӣ шаҳодат медиҳанд, ки туризм дар содироти ҷаҳонии мол ва хизматрасонӣ аз саноатҳои нақлиётбарорӣ (7,8%), компютерию таҷҳизоти идоравӣ (5,9%), истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ (7,5%), хӯрокворӣ (6,6%) ва сӯзишворӣ (5,1%) пеш гузашт. Шумораи ҷойҳои корӣ дар соҳаи сайёҳӣ тақрибан 200 миллионро ташкил медиҳад.
Мувофиқи дурнамои Созмони ҷаҳонии туристӣ дар даҳсолаи наздик суръати рушди ҷаҳонгардӣ нигоҳ дошта мешавад. Ба ҳамин тариқ, то соли 2020 шумораи сафарҳои сайёҳӣ нисбат ба соли 2000 бояд 2,2 маротиба афзоиш ёфта (аз 698 миллион то 1,561 миллиард сафарҳои туристӣ), даромад 4,2 маротиба (аз 476 миллиард то 2 триллион доллари ИМА) зиёд гардад.
Тибқи таҳлилҳои мутахассисони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ солҳои 2016 - 2017 туризми ҷумҳурӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид мешавад. Дар назар аст, ки гурӯҳҳои зиёди гардишгарон аз кишвар дидан хоҳанд кард.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2016    №: 192    Мутолиа карданд: 12730
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед