суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Сағирдашт ва ноҳияи Дарвоз, 28 сентябри соли 2016
Сокинони муҳтарам ва шарафманду меҳмоннавози деҳоти Сағирдашт ва ноҳияи Дарвоз!
Имсол, ки барои тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон соли дар ҳақиқат таърихӣ, яъне 25 - солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон мебошад, ҳамаи шуморо ба муносибати ин санаи муқаддасу бузурги миллиамон бори дигар сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳияи Дарвоз ва деҳоти Сағирдашт фазои орому осоишта ва пешравиҳои тоза орзу менамоям. Ҳамчунин, аз истиқболи самимии Роҳбари давлат ва суннатҳои неки меҳмоннавозии шумо, ки нишонаи возеҳи дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ба хотири ояндаи ободи кишвари азизамон мебошад, изҳори сипос менамоям.
Биступанҷ сол аст, ки халқи азизи Тоҷикистон дар фазои соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ва сулҳу суботи комил кору зиндагӣ намуда, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҷиҳати ободиву пешрафти сарзамини муқаддасамон ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодааст. Ноҳияи Дарвоз низ дар баробари дигар минтақаҳои кишвар дар замони Истиқлолияти давлатӣ мунтазам ва босуръат пеш рафта, буҷети ноҳия аз 38 ҳазор сомонии соли 1992 то ба 19 миллион сомонӣ дар соли 2015 афзудааст, яъне 500 баробар зиёд шудааст. Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар қаламрави ноҳия ба бунёди иншооти таъйиноти гуногун таваҷҷуҳи зарурӣ дода шуда, дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 271 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин ҳама боиси боз ҳам обод шудани ноҳия ва деҳоти он гардидааст.
Тӯли солҳои охир дар ноҳияи Дарвоз беш аз 100 бинои замонавӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки бо тарҳи зебову муосир бунёд гардида, ин гӯшаи таърихии диёрамонро ба оламиён ҳамчун мавзеи сайёҳӣ муаррифӣ менамоянд. Аз ҷумла, сохтмони Қасри фарҳанг, неругоҳҳои барқи обии «Ширг-1», «Ширг-2», даҳҳо муассисаи таълимӣ, марказҳои варзишу хизматрасонӣ, корхонаҳои коркарди санги мармар ва сангҳои қиматбаҳо ва дигар биноҳои зебову замонавӣ қомат афрохта, симои маркази ноҳияро ба куллӣ тағйир дода, ҳоло барои пешрафти ноҳия ва бо шуғли доимӣ таъмин гардидани сокинони ин мантақаи дурдасти кӯҳистон самаранок фаъолият карда истодаанд.
Дар ҷараёни сафари кории мо соли гузашта дар қатори силсилаи корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин бинои муосири Кохи бонувон ба фаъолият оғоз кард, ки дар он 150 нафар занону бонувони маҳаллӣ ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, маҳсулоти гуногуни дӯзандагӣ, аз ҷумла либоси махсуси корӣ ва барои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия либоси мактабӣ омода месозанд. Дар баробари ин, дар иншооти мазкур бо ҷалби занону духтарони маҳаллӣ ҳунарҳои қолинбофии дастӣ, зардӯзӣ ва курсҳои омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногуни мардумӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар идомаи ин раванди нек мо имрӯз варзишгоҳи навбунёди деҳоти Сағирдаштро бо 400 ҷойи нишаст, ки бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ бахшида, хишти аввали мактаби замонавиро бо 350 ҷойи нишаст гузоштем, ки баъди бунёди он барои устодону шогирдони ин гӯшаи зебоманзари диёрамон шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда мешавад.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҷамоати деҳоти Сағирдашт 80 сол муқаддам таъсис ёфта, айни замон дар 17 ҳудуди он қариб шаш ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат доранд ва бо чорводориву зироаткорӣ ва боғдорӣ машғул мебошанд. Дар қаламрави Сағирдашт майдони боғҳо ва чарогоҳу бешазорон беш аз 14 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки дар миқёси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мавзеъҳои беҳтарини чарогоҳи мавсимӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳар сол аз ноҳияҳои чорвопарвари вилояти Хатлон ва минтақаҳои дигар беш аз 100 ҳазор сар чорво барои гузарондани мавсими тобистон дар мавзеъҳои кӯҳистон, аз ҷумла моҳҳои тӯлонӣ дар чарогоҳҳои Сағирдашт нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин лиҳоз, истифодаи самараноки замин ва чарогоҳҳои ин мавзеъ имконият медиҳанд, ки чорводорӣ, инчунин занбӯриасалпарварӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш боз ҳам тараққӣ дода шаванд.
Чунонки зикр намудам, дар фасли тобистон ба чарогоҳҳои ин мавзеъ шумораи зиёди чорвои минтақаҳои мухталифи кишвар оварда мешавад. Бо дарназардошти чунин имкониятҳои васеъ роҳбарону масъулони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо доир ба рушди соҳаи кишоварзиву чорводорӣ дар деҳоти Сағирдашт тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ҳамчунин, дар ҳудуди деҳоти Сағирдашт имконияти хуби ташкил намудани корхонаи хурди коркарди пӯсту мӯина ва бо ҷойи кор таъмин кардани аҳолӣ мавҷуд аст.
Дар деҳоти Сағирдашт саҳми соҳаи саноати маъдан низ назаррас буда, соли гузашта дар ду корхонаи заршӯии он ба маблағи қариб 4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Вобаста ба рушди соҳаи саноати ноҳия Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор карда мешавад, ки сабабҳои фаъолият накардани корхонаи истеҳсоли ангишти «Помир» - ро, ки дорои захираи зиёди сӯзишворӣ мебошад, баррасӣ карда, дар ин самт чораҳои дахлдор андешад.
Тавре ки маълум аст, дар фасли зимистон роҳи мошингарди деҳоти Сағирдашт ба маркази ноҳия тавассути ағбаи Хобурубот ба муҳлати шаш моҳ баста мешавад. Аз ин рӯ, ба Вазорати нақлиёт супориш дода мешавад, ки бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои мошингард барои ба деҳоти Сағирдашт ҷудо намудани техникаву таҷҳизоти роҳсозӣ чораҷӯӣ намояд. Ҳамчунин, ба Вазорати нақлиёт бори дигар таъкид месозам, ки доир ба масъалаи тавассути маркази деҳоти Сағирдашт бунёд намудани шоҳроҳи Душанбе - Тавилдара – Қалъаи Хумб ба Ҳукумати кишвар пешниҳоди асоснок манзур намояд.
Қисми зиёди қаламрави кишвари мо, аз ҷумла ҳудуди деҳоти Сағирдашт барои рушди саёҳату кӯҳнавардӣ ва тамошои табиати зебову набототи нодир хеле мусоид мебошад. Тибқи маълумоти мавҷуда соли ҷорӣ шумораи сайёҳоне, ки ба кишвари мо омадаанд, ду баробар афзоиш ёфта, ин тамоюл торафт афзуда истодааст. Дар иртибот ба ин, ба сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ зарур аст, ки бо мақсади рушди сайёҳиву кӯҳнавардӣ барои дар тамоми ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин, мавзеи Сағирдашт бунёд намудани инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ тадбирҳои муассир андешанд. Илова бар ин, барои бо шуғл таъмин намудани занону бонувон марказҳои касбомӯзӣ ва коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ, инчунин коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, аз ҷумла мармар таъсис дода шаванд.
Дӯстони азиз!
Соҳаи маорифи деҳоти Сағирдашт дар давоми 25 соли истиқлолият хеле пеш рафта, ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1100 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 170 нафар омӯзгорони баландихтисос, аз ҷумла 27 нафар занон дарс мегӯянд.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир бинобар ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб намудани мутахассисони ҷавон масъалаи норасоии муаллимон ҳал шудааст.
Гарчанде ки мавзеи Сағирдашт аз маркази ноҳия дар масофаи хеле дур ҷойгир буда, аз нигоҳи ҷуғрофӣ минтақаи душворгузар маҳсуб мешавад, вале нақши занон дар пешрафти деҳот ва умуман ноҳия хеле назаррас буда, шумораи донишҷӯдухтарони он дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва омӯзишгоҳу коллеҷҳои кишвар сол ба сол афзуда истодааст. Дар зарфи солҳои 2006 - 2014 аз деҳоти Сағирдашт тибқи квотаи президентӣ 28 нафар, ки 16 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шудаанд, ки аксари онҳо баъди хатм ба деҳот баргашта, имрӯз муваффақона кору фаъолият доранд.
Бо мақсади тарбияи кадрҳои ҷавон аз ҳисоби ҷавонону духтарони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ҳоло ба роҳбарони Вазорати маориф ва илм ва дигар сохтору мақомот супориш медиҳам, ки шумораи квотаи президентиро барои фарзандони сокинони деҳоти Сағирдашт боз ҳам зиёд намоянд. Дар баробари ин, ба устодону омӯзгорон, падару модарон ва фаъолону аҳли зиё зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ба камол расондани насли ватандӯсту соҳибмаърифат мунтазам саъю кӯшиш намоянд. Зеро фарзандони мо давоми умри мо мебошанд ва мо бояд барои онҳо тамоми шароити заруриро муҳайё карда, наврасону ҷавононро тавре ба воя расонем, ки дар оянда ифтихори падару модарони худ ва меросбарони шоистаи давлату миллат гарданд. Хусусан, мардуми ноҳияи Дарвоз, ки аз қадим аҳли савод ва илму маърифат мебошанд, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Чунонки имрӯз ҳамаи мо хуб огоҳем, солҳои охир бинобар бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва торафт шиддат пайдо кардани низоъҳои диниву мазҳабӣ чандин кишварҳои минтақа дар вазъи ниҳоят вазнини сиёсиву низомӣ ва иҷтимоӣ қарор доранд. Тоҷикон, ки аз аҳди бостон то имрӯз ҳамчун миллати сулҳхоҳу адолатпарвар маъруфанд, ҳеҷ гоҳ ҷангу низоъ ва муқовиматҳоеро, ки боиси бехонаву макони зист мондани мардуми осоишта ва нобуд шудани осори қадимаи халқу миллатҳо мегарданд, ҷонибдорӣ намекунанд, баръакс, чунин амалҳои нанговару харобиоварро ҳамеша маҳкум менамоянд.
Мо оқибатҳои даҳшатноки мухолифати мусаллаҳонаро дар кишвари хеш ва бо чашмони худ дидаем ва онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем. Бинобар ин, бо дарназардошти фардои рушди босуботи кишвар ва рӯзгори орому пурсаодати халқи сулҳпарварамон бисёр муҳим аст, ки ба насли ояндасози кишвар моҳияти давлати соҳибистиқлол, аҳамияти соҳибихтиёриву соҳибватанӣ ва ҳифзу нигоҳдории ваҳдати миллӣ, муқаддасоти Ватан ва мероси пурғановати миллиамонро бештар талқин намоем ва онҳоро аз оқибатҳои нангини гаравидан ба ҳаракату гурӯҳҳои тундраву иртиҷоӣ эмин дорем.
Ҳамдиёрони азиз!
Соли равон мардуми заҳматдӯсти кишварамон бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ ва бо ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ ҷашни биступанҷсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтанд.
Мову шумо шоҳид ҳастем, ки Тоҷикистони азизамон дар зарфи биступанҷ сол дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба дастовардҳои бузург муваффақ гардида, ба сӯи фардои ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аз ин хотир, ҳар яки мо бояд бо ҳисси баланди масъулият ва бо тамоми ҳастӣ талош варзем, ки минбаъд низ содиқонаву аҳлона заҳмат кашем ва барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша зираку ҳушёр бошем.
Ман ба нангу номус ва ҳиммати баланди мардуми ноҳияи Дарвоз, ки дар тӯли таърихи тӯлонӣ арзишҳои фарҳангӣ ва расму ойинҳои мардумиро нигоҳ дошта, имрӯз барои рушду равнақи онҳо талош меварзанд, бовар дорам ва итминон дорам, ки онҳо дар оянда низ ҷиҳати ба як гӯшаи ободу пешрафта табдил додани ин мавзеи афсонавии диёрамон азму талоши худро дареғ намедоранд.
Дар фарҷоми сухан ҳамаи шумо, сокинони сарбаланди ноҳияи Дарвоз, аз ҷумла мардуми меҳмоннавозу заҳматқарини деҳоти Сағирдаштро бори дигар бо ҷашни муқаддаси биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба ҳамаатон саломативу хушбахтӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар амалӣ гардидани ниятҳои некатон барору кушоиш орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.09.2016 №: 193 Мутолиа карданд: 10976