суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Рашт, 27 сентябри соли 2016
Ҳамватанони азиз!
Пеш аз ҳама, кулли мардуми ватандӯсту заҳматқарини ноҳияи Раштро ба муносибати ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон - биступанҷсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон сидқан табрик мегӯям. Инчунин, ба ҳамаи шумо ва тамоми сокинони сарбаланди ноҳия ва водии Рашт, ки бо дастгириву пуштибонии самимона аз сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат ва бо заҳмати содиқонаи худ дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушду тараққиёти бесобиқаи ҳамаи соҳаҳо ноил гардидаанд, миннатдорӣ баён менамоям. Дар баробари ин, бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки дар натиҷаи ғамхориву дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ва, албатта, ба туфайли заҳмату талоши ватандӯстонаи сокинон имрӯз симои ноҳияи Рашт куллан дигаргун шудааст.
Ба фаъолият оғоз кардани Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ ва маҷмааи варзишии он, коллеҷи тиббӣ, азнавсозии шоҳроҳи Душанбе – Рашт – Ҷиргатол - Саритош, таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилӣ, бунёд гардидани варзишгоҳ ва дигар иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу беморхонаҳо ва марказу бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва силсилаи биноҳои нави хизматрасониву маъмурӣ, намунаи дастовардҳои ноҳия дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ мебошанд, ки имрӯзҳо дар хизмати сокинон қарор доранд.
Солҳои 2007 - 2016 танҳо тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 107 миллион сомонӣ беш аз 16 иншооти замонавии таъйиноти гуногун бунёд гардидааст. Умуман, дар замони истиқлолият дар ноҳияи Рашт барои сохтмону таҷдиди иншооти гуногун қариб 500 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, дар ҳаҷми 360 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудаанд.
Дар ноҳия аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 310 миллион сомонӣ корҳои сохтмону барқароркунӣ ба анҷом расонда шудаанд. Ҳамзамон бо ин, ҳоло дар ноҳия 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ оид ба сохтмон ва таҷдиди шоҳроҳи Душанбе - Саритош ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин беҳтар намудани вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва экология ба маблағи умумии беш аз як миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Илова бар ин, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳия дар 10 соли охир 149 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 270 миллион сомонӣ татбиқ карда шудааст.
Бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ноҳия, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон ҳоло амалисозии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012 - 2016 идома дорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла истеҳсоли меваю сабзавот, картошкаву ғалла ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, бамаротиб зиёд шуда, соли 2015 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи қариб 400 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.
Тибқи нақша дар ноҳияи Рашт аз худ кардани 1150 гектар заминҳои нав пешбинӣ шудааст, ки амалӣ намудани ин кор ва мусоидат кардан ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус, картошка ҳамчун зироати асосии ноҳия, инчунин парвариши навъҳои содиротии мева вазифаи Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад.
Боғдорӣ яке аз бахшҳои асосии соҳаи кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар афзун гардондани имкониятҳои содиротии ноҳия ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад. Шароити мусоиди иқлими ноҳия имкон медиҳад, ки дар оянда боғдорӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзии ноҳия тараққӣ дода шавад. Бо ин мақсад, дар панҷ соли охир дар хоҷагиҳои ноҳия 550 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст, ки барои дар ояндаи наздик хеле зиёд намудани истеҳсоли мева ва содироти он имконияти хуб фароҳам меорад.
Дар ноҳия барои рушди соҳаи чорводорӣ низ шароити хуб мавҷуд аст, зеро беш аз 53 ҳазор гектар ё 57 дарсади майдони умумии заминҳои кишоварзиро чарогоҳҳо ташкил медиҳанд ва зарур аст, ки аз ин имконияти мусоид самаранок истифода карда шавад.
Занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Рашт яке аз соҳаҳои камхарҷу сердаромад мебошад. Дар ин ҷода пешравиҳо назаррас буда, истеҳсоли асал аз 51 тоннаи соли 1991 ба 452 тонна дар соли 2015 расонда шудааст. Яъне, тайи 25 соли истиқлолият дар ноҳия истеҳсоли асал 9 баробар афзоиш ёфтааст.
Илова бар ин, таъкид месозам, ки дар ноҳия барои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла доир ба ташкили корхонаҳои коркард низ шароиту имкониятҳои хуб мавҷуданд. Корхонаҳои истеҳсоли ангишти “Назарайлоқ” ва “Камароб” соли гузашта 62 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2004 шаш баробар зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки кони “Назарайлоқ” аз ҷумлаи конҳои нодири ангишт буда, захираи аниқшудаи он 540 миллион тоннаро ташкил медиҳад ва талабот ба маҳсулоти он дар бозори дохилӣ, бахусус барои корхонаҳои сементбарорӣ, Корхонаи алюминийи тоҷик ва соҳаи оҳангудозӣ, инчунин барои содирот ба хориҷи кишвар хеле зиёд мебошад. Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, молия ва роҳбарони ноҳия зарур аст, ки ҷиҳати ҳарчи зиёд намудани истихроҷи ангишт ва васеъ ба роҳ мондани истифодаи саноатии он, инчунин, пешгирӣ кардани талаву тороҷи захираҳои кон тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳоло бо дастгирии шарикони рушд корҳои омода намудани асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи энергетика, аз ҷумла барқарорсозии шабакаҳои барқии баландшиддат, дар минтақаи Рашт идома доранд. Тибқи лоиҳаи мазкур сохтмони 620 километр хатҳои интиқоли барқ ва 2 зеристгоҳи барқӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин, тибқи Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2016-2020 дар ноҳия бунёди боз ду неругоҳи хурди барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин ҷода сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт амалӣ кардани лоиҳаҳо ва омодагии иншооту шабакаҳои таъминоти барқ ба мавсими тирамоҳу зимистон чораҷӯӣ намоянд. Дар даврони истиқлолият дар минтақаи Рашт бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳиссагузориҳои Ҳукумати мамлакат 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 852 километр роҳ ва 25 пул сохта, ба истифода дода шудааст. Дар иртибот ба ин, хотирнишон менамоям, ки андешидани чораҳои зарурӣ доир ба нигоҳубин ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои ноҳия, ҳамчунин, дар самти рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, хусусан оид ба бунёди иншооти банақшагирифташуда, таъмиру азнавсозии иншооти иҷтимоӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани онҳо вазифаи вазоратҳои нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин роҳбарон ва шахсони масъули ноҳия мебошад.
Дӯстони азиз!
Ҳудуди ноҳия ва, умуман, водии Рашт, воқеан, обу хоки зархез дошта, чунонки гуфта шуд, иқлими он барои парвариши рустанӣ ва мева хеле мувофиқ аст. Қисми зиёди меваҳои шаҳдбори кишвар дар ин мавзеъ парвариш ёфта, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар харидори зиёд доранд.
Ноҳияи Рашт, инчунин, аз ҷумлаи мавзеъҳои бостонии кишварамон буда, табиати ин мавзеъ диққати дӯстдорони саёҳат ва кӯҳнавардиро даҳсолаҳост, ки ба худ ҷалб кардаанд.
Чунин имконияту шароити хуби табиӣ аз роҳбарону масъулини ноҳия, инчунин аз соҳибкорони маҳаллӣ тақозо менамояд, ки барои ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, боз ҳам ободу пешрафта гардондани ин гӯшаи зебои ватанамон пайваста саъю талош намоянд ва онро ба як мавзеи воқеан ободу пешрафта табдил диҳанд.
Ҳукумати мамлакат, аз ҷониби худ, барои фароҳам овардани шароити муосири инфрасохторӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, маркази ноҳияро имрӯз ба як шаҳраки зебои замонавӣ мубаддал гардонд. Акнун вазифаи ҳар сокини банангу номус ва соҳибкорони ноҳия аз он иборат аст, ки ин раванди ободкориро идома диҳанд ва ҳамаи имкониятҳои худро барои аз имрӯза зеботар гардондани диёри худ сарф намоянд.
Имрӯз, яъне дар шароити бисёр ҳассос ва зуд тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, кулли шаҳрвандони огоҳу солимфикри мамлакат вазифадоранд, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибватаниро ба ҷо оварда, ҳар як иқдоми ободгаронаву созандаи худро ба номи Ватан ва миллат, ба хотири мустаҳкам намудани давлати соҳибихтиёрамон ва таҳкими нуфузу обрӯи кишвари маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ анҷом диҳанд. Шубҳае нест, ки сокинони заҳматпешаи ноҳияи Рашт дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ба шукронаи фазои орому осудаи кишварамон барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандаву ободгарона саъю талош хоҳанд кард.
Мо имрӯз ифтихор дорем, ки бо дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ватандӯсту қавииродаи ноҳия ва водии Рашт, ба мақсаду ҳадафҳои олиамон муваффақ шуда истодаем.
Ҳамчунин, бо итминон иброз медорам, ки барои рушду инкишофи минбаъдаи кишвари азизамон ҳанӯз захираву имкониятҳо хеле фаровонанд. Иқтидори асоситарин ва захираи бузургтарини Тоҷикистони мо мардуми заҳматкаш ва бонангу номуси он мебошад.
Бовар дорам, ки ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва кулли мардуми шарафманди ноҳияи Рашт минбаъд низ рисолати муқаддаси худро ба хотири тақвияти иқтидори давлати соҳибихтиёрамон ва таҳкими пояҳои он содиқона иҷро карда, ҳамаи кӯшишу талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон, инчунин ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин тарбия кардани фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ сафарбар менамоянд.
Дар охир бори дигар кулли сокинони ватандӯст ва ҳимматбаланду меҳмоннавози ноҳияи Рашт ва ҳамаи шумо - ҳозирини арҷмандро ба муносибати биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонаводаи мардуми ноҳия саломативу хушбахтӣ ва рӯзгори ободу пурсаодат орзу менамоям.
Ҳамеша саломату хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.09.2016 №: 193 Мутолиа карданд: 10952